• бахшида ба Рӯзи омӯзгор

Маҳкамова Дилором Юнусовна[тав. 12. 10. 1961, ш. Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар)-и вил. Хатлон], рӯзноманигор, номзади илмҳои филологӣ (2012), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2015), Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2017). Таҳсил дар МТМУ-и № 4-и ш. Қӯрғонтеппа (1968–1978).

Хатмкардаи факултети филологияи УДТ ба номи Владимр Илич Ленин (ҳоло ДМТ) бо дипломи аъло (1983). Котиби комитети комсомолии Омӯзишгоҳи тиббии н. Коммунистӣ (ҳоло Кӯшониён, 1983–1986), муаллимаи забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи №2-и н. Коммунистӣ (1986–1993), омӯзгори «Кафедраи забони тоҷикӣ»(1994–2004), омӯзгор (2012–2015) ва мудири (2012–2015) «Кафедраи рӯзноманигорӣ», декани факултети филологияи тоҷик (2015 – 2016), ходими калони илмии (2016–2017), мудири «Кафедраи рӯзноманигорӣ» (2017-2021)-и ДДБ ба номи Носири Хусрав.

Дар мавзӯи «Инъикоси муқовимати сиёсӣ ва раванди сулҳофарии тоҷикон дар публитсистикаи китобии сиёсии тоҷик» рисолаи номзадӣ (2012) ҳимоя кардааст.

Муаллифи 20 мақолаи илмӣ ва дастури таълимӣ. Узви ИЖ Тоҷикистон (аз соли 1982),

Возможно, это изображение 1 человек и стоит

2828

Комментарии: 3

Нравится

Комментировать