• бахшида ба Рӯзи омӯзгор

Пиров Аламшо (тав. 1958, н. Данғара), номзади илмҳои фалсафа (2010), Аълочии маорифи Тоҷикистон (соли 2002). Баъди хатми мактаби миёна (соли 1975) як сол дар истеҳсолот фаъолият намуда, соли 1976 ба факултети таърихи УЛТ ба номи Владимир Илич Ленин (ҳоло ДМТ) дохил шудааст.

Соли 1981 баъди хатми донишгоҳ бо роҳхати Вазорати мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси ҶСС Тоҷикистон ба н. Данғара ба сифати омӯзгори фанни география ва таърих ба кор омадааст.

Моҳи августи соли 1982 бо роҳхати вазорати мазкур ба «Кафедраи илмҳои ҷомеашиносӣ»-и филиали ИДПД ба номи Тарас Григоревич Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) дар ш. Қӯрғонтеппа интиқол меёбад.

Аз моҳи марти ҳамон сол ба тариқи озмун ба вазифаи муаллими калони «Кафедраи фалсафа ва коммунизми илмӣ»-и ҳамин донишгоҳ интихоб гардидааст. Дар як вақт кори омӯзгориро бо таҳқиқоти илмӣ тавъам намуда, дар мавзӯи «Вижагиҳои тағйирёбии ҳамбастагиҳои этникию фарҳангӣ дар ҳаёти ҷомеаи муосири тоҷик» таҳти роҳбарии доктори илмҳои фалсафа Идиев Х. У. соли 2010 дар Шӯрои дифои рисолаҳои докторӣ дар назди Ин-ти фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии АИ ҶТ рисола номзадӣ ҳимоя намуда, сазовори дараҷаи номзади илмҳои фалсафа гардидааст.

Аз соли 2010 декани факултети таърих ва ҳуқуқи донишгоҳ мебошад. Саҳми ӯ дар таъсиси шуъбаҳои психологияи ҳуқуқшиносӣ, таъриху фарҳангшиносӣ, сиёсат ва идораи давлатӣ ва танзими ҳуқуқии соҳаҳои идораи давлатӣ дар назди факултети таъриху ҳуқуқи донишгоҳ назаррас аст. Корҳои таълимию тарбиявӣ дар факултет нисбат ба солҳои пешин хеле беҳтар гардидааст.

Ҷараёни таълиму тарбияи донишҷӯён аз ҳар ҷиҳат мувофиқи мақсад ба роҳ монда шудааст. Кошонаҳои корӣ ва синфхонаҳо дар факултет аз нав таъмир гардида, дарсхонаҳои нав кушода шуданд солҳои солҳои 2013–2016 се нафар омӯзгорони ҷавон рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуданд.

Фаъолияти Аламшо Пиров бо фаъолияти илмию амалии ӯ сахт вобаста аст. Дар байни олимони донишгоҳу факултет ӯяке аз таҳқиқотчиёни пуртаҷриба дар соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ ба шумор меравад.

Аз ҷониби ӯ зиёда аз 50 адад мақолаҳои илмӣ ва илмӣ – методӣ ва дастуру васоити таълимӣ ба табъ расидаанд. Дар ҳаёти ҷамъиятии донишгоҳ ва вилоят фаъолона иштирок мекунад. Бо Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2001) ва Ифтихорномаи ДДБ ба номи Носири Хусрав сарфароз гардидааст.

Возможно, это изображение 1 человек

6464

Комментарии: 16

Нравится

Комментировать