• бахшида ба Рӯзи омӯзгор

Алимов Давлаталӣ Халилович [тав. 10. 03 .1965, д. Садбаргҳои н.Москва (ҳоло Мир Саид Алии Ҳамадонӣ)-и вил. Хатлон], доктори илмҳои таърих (2021), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2011). Таҳсил дар МТМУ-и № 14-и н. Москва (1972–1982).

Хатмкардаи факултети механиконии Ин-ти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло ДАТ ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, 1989).Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС (1984–1986). Танзимгари калони Муассисаи нақлиёти автомобилии № 31-и ш.Сарбанд (ҳоло Леваканд, 1989–1991), муҳосиби калони Муассисаи нақлиёти автомобилии № 27 (1992–1993) ва сардори корхонаи хурди «Корвон»-и н. Мир Саид Алии Ҳамадонӣ (1993–1994), хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ (подполковники эҳтиётӣ, 1995–2007), омӯзгори МТМУ-и № 4-и ш. Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар, 2007–2010).

Омӯзгори «Кафедраи таърихи умумӣ» (2011 – 2012 ), аспирант (2010–2013), мудир (2013) ва дотсенти (2014–2016) «Кафедраи таърих ва ҳуқуқ» , котиби илмии Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-046-и (аз соли 2018) ДДБ ба номи Носири Хусрав, корманди Ин-ти таҳқиқоти илмии таърихи илмҳои табииётшиносӣ ва техникаи назди донишгоҳ ва аз соли 2016 мудири «Кафедраи таърихи умум»-и донишгоҳ. Дар мавзӯи «Вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945)» рисолаи номзадӣ (2012) ва дар мавзӯи «Сохтмони иншоотҳои хоҷагии об ва азхудкунии заминҳои навкорами ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон (солҳои 20–80-уми асри ХХ)» рисолаи докторӣ (2020) ҳимоя кардааст. Таҳти роҳбарии ӯ як нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя камудааст.

Бо медалҳои «70-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС» (1996), «5-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1998), «10-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2003), «15-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон » (2008), «20-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон » (2013), «100-солагии Г. К. Жуков» (2004), «65-солагии ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945)» (2010) сафароз гардидааст. Узви ИЖ Тоҷикистон (аз соли 2011),

Ос.: Вклад труженников Хатлонской области в годы Великой Отечественной войны (1941-–1945 гг.). Қӯрғонтеппа, 2011; Боевые и трудовые подвиги хатлонцев в годы Великой Отечественной войны (1941–1945 гг.). Д., 2014; История орошения и освоения новых земель Хатлонской области. Д., 2015. (ҳаммуаллиф); Освоение новых земель центральных и южных районов Таджикистана (20–80-е годы ХХ века). Д., 2017; Водохозяйственное строительство южных районов Таджикистана (1924–1990 гг.). Д., 2020; Қомуси ғолибон. Д., 2010; Фотеҳони ғалаба. Д., 2010; Шуҷоат баҳри Ватан. Д., 2010 (ҳаммуаллиф); Ҷанговарони ҷасур. Д., 2010; Родмарде аз Балҷувон. Д.,2015 (ҳаммуаллиф); Славный путь ученного. Д., 2015 (ҳаммуаллиф). Занони накуиқболи соҳибистиқлол. Бохтар, 2018.

Возможно, это изображение 1 человек

1818

Комментарии: 3

Нравится

Комментировать