• Ба озмуни “Омӯзгор – роҳнамои рӯзгор”

РАВШАНГАРИ РОҲИ ШОГИРДОН

“Замони кӯдакӣ бо духтарони маҳалла дар хонаҳои якдигар бонавбат ҷамъ омада, бозиҳои шавқовар ташкил менамудем. Яке нақши омӯзгор, дигарон нақши шогирдро иҷро мекарданд. Бозиҳоямон рангину ҷолиб сурат мегирифтанд. Бо вуҷуди он ки дугонаҳоям бузургтар буданд, пайваста ба ман нақши омӯзгор муяссар мегардид ва худро ҳамчун омӯзгори воқеӣ тасаввур мекардам. Фикр мекунам, шояд таъсири бобоҳою падарон, ки мударрисони мадрасаҳо буданд, маро ба асли хеш мекашид ва ё ҳамчун хидматчии маориф дар ҷомеа соҳибэҳтиром гардидани падарам буд, ки дар натиҷа дар қалби кӯчаки ман орзуи муаллима шуданро барафрӯхт”, – мегӯяд бону Райҳонгул Қурбонова.

Бонуи дилбохтаи касб 8 – уми октябри соли 1964 дар ноҳияи Фархор чашм ба дунёи ҳастӣ боз намудааст. Падари Райҳонгул солиёни зиёд ба ҳайси омӯзгор, директори мактаб, нозири шуъбаи маориф, мудири маориф, умуман ҳамчун ходими намоёни соҳаи маориф фаъолият кардааст. Модари биҳиштиаш ғайр аз корҳои рӯзгор ва меҳмонгузаронӣ, бо вуҷуди фақат маълумоти ибтидоӣ доштан ба таълиму тарбияи фарзандон машғул мешуд. Хондани асарҳои бадеӣ ва аз бар намудани маҷмӯаи осори шоирони бузурги форсу тоҷикро ба фарзандон тавсия дода, худ иҷрои онро назорат мекард.

Дар он муассисае, ки қаҳрамони мо таҳсил мекард, ӯ аз зумраи хонандагони фаъол ва пешқадам ба ҳисоб мерафт, дар ҳама корҳои ҷамъиятӣ бо майли том ширкат меварзид. Ҳангоми дар синфҳои болоӣ таҳсил кардан сарварии кумитаи комсомолро ба уҳда дошт. Аз майлу рағбати содиқона зоҳир намуданаш ба таҳсил шоёни таҳсину ифтихори устодон гардида буд. Дар озмунҳои дохилу хориҷ аз муассиса пайваста аз илмҳои гуманитарию риёзиёт, аниқтараш аз фанни таърих ва математика ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро соҳиб мешуд. Ба ин ҳама заҳмату музаффариятҳояш омӯзгорон баҳои баланд медоданд. Аз ин хотир, қисме аз устодону ҳамсабақонаш ба ӯ тавсия медоданд, ки муаллимаи фанни таърих ва қисми дигар муаллимаи фанни математика шавад. Ӯ низ мехост, ки бо ҳамроҳии духтари бародараш ба факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳуҷҷат супорад. Вале бо маслиҳату машварати падараш, ки он солҳо аллакай бознишаста буд, духтари хушномаш идомадиҳандаи касбу илму фанни падар гардид.

Хатми дабистон наздик мешуд. Хатмкунандагон барои шомил шудан ба донишгоҳҳо омодагӣ медиданд. Дар он солҳо шумораи ками духтарон иҷозати идомаи хондан дар макотиби олиро дарёфт карда метавонистанд. Падари маърифатпарвар, ки худ дар солҳои роҳбарӣ барои саводнок шудан ва касбу ҳунар омӯхтани духтарон ҷаҳд мекард, барои идомаи таҳсил ба ӯ дуои хайр медиҳад. Райҳонгул ҳуҷҷатҳояшро ҷамъ оварда, бо роҳнамоии бародари бузургаш, ки дар яке аз мактабҳои ноҳияи Фархор ҳамчун омӯзгор фаъолият мекард, ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ месупорад ва худи ҳамон сол номи пуршарафи донишҷӯро соҳиб мегардад.

“Супурдани имтиҳоноти дохилшавӣ, – мегӯяд қаҳрамони мо, – хеле ҷиддӣ, вале дар айни ҳол шаффоф буд. Имтиҳонҳо дар ошёнаи аввал мегузаштанд ва рафти онҳоро на танҳо устодони сахтгир, балки дилхоҳ хоҳишманд низ мушоҳида карда метавонист. Аз 400-500 довталаби ҳуҷҷатсупурда ба як бахш танҳо 75 нафар қабул карда мешуд. Аз ин рӯ, ман хушбахт будам, ки донишҷӯ шудам”.

Зиндагӣ саҳнаи муборизаву талош аст. Ҳар чизе, ки мо аз он гирифтан мехоҳам, албатта ба осонӣ даст намедиҳад. Вале он бо ҳама таззодаш ҷаззоб аст. Барои ба қуллаи мурод расидан заҳмату талош лозим меояд.

“Солҳои таҳсил бароям хеле хушоянд буд. Зеро замони донишҷӯйи мо тамоман дигар буд. Дар назди китобхона ҳамеша донишҷӯёни зиёд ҷамъ меомаданд. Маҳфилҳои гуногун ороста, асари назмӣ ё насриеро бо ҳам муҳокима менамуданд. Дар айёми ҷавонии мо интернет набуд, то ин ки шакли электронии китобҳоро дарҳол пайдо созем. Шабҳо хоб накарда, тамоми мавзӯъҳои таълимиро, ки ҳангоми дарсгӯии устодон менавиштем, аз худ менамудем. Зеро ки онҳо ягона маводи таълимӣ буда, санҷишу имтиҳонҳо низ дар истинод ба ҳамонҳо сурат мегирифт. Хушбахтона, ҳоло бо пешрафти илму техника барои илмомӯзӣ тамоми шароит фароҳам шудааст”, – иброз медорад муаллима.

Райҳонгул қабл аз хатми донишгоҳ бо хости волидон бо рафиқи имрӯзии ҳаётиаш оила барпо мекунад. Соли 1985 бо лутфи Худои меҳрубон соҳиби фарзанд ва ҳам соҳиби дипломи аъло мегардад. Роҳбарияти факултет пас аз хатми донишгоҳ ӯро ба кор даъват намуданд, аммо надоштани имконият ба ин монеъ мешавад.

“На ҳама чиз ҳамавақт ба хости дили мо мешавад”, – мегӯяд муаллима.

Ҳамин тавр, фаъолияти меҳнатии худро аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22-и ноҳияи Фархор оғоз менамояд. Азбаски шавҳараш бо фармони вазири маориф ба ноҳияи Кӯшониён (собиқ Бохтар) ба кор фиристонида шуда буд, баъди соле Райҳонгул низ ба мактаби рақами 2-и ин ноҳия ба кор мегузарад.

Соли 2005 ба Донишгоҳии давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба ҳайси омӯзгори кафедраҳои забон ва адабиёти тоҷик ва рӯзноманигории донишгоҳ ба кор медарояд. Донишгоҳ як муҳити наву кашфношуда ки буд, аз роҳнамоиву дастгириҳои профессор Искандар Икромов ва ҳамкорони дигар баҳраманд мегардад. Ҳангоми баҳодиҳӣ ба санҷишу имтиҳонҳо беғаразона ва одилона амал мекард. Меҳру муҳаббат ва дилбохтагӣ ба касбаш буд, ки ишқи пешаи муаллимӣ ва рӯзноманигориро дар замири бархе аз шогирдон ҷой карда тавонист.

“Вазифаи ҷонии омӯзгор навиштану хондан ва гуфтору кирдори накӯро омӯзондан аст. Омӯзгорӣ на касб, балки ишқ, ишқи эҷодкорӣ, ишқи маърифату дониши воло ва тарбият додани шогирдони комил мебошад. Агар ба касби хеш муҳаббат надошта бошем, шуғли интихобнамудаамон низ меҳрашро аз мо бармегирад. Ба ҳар кор мебояд дил баст, бахусус ба ҳирфаи омӯзгорӣ, зеро меҳру муҳаббат доштан ба касб хеле муҳим аст. Дар сурати ғайр, на ту метавонӣ ба мактаббача ё донишҷӯ фаҳмониву на онҳо дарсро дарк мекунанд”, – мегӯяд қаҳрамони матлаби мо.

Муаллима Райҳонгул Қурбонова соли 2019 таҳти роҳбарии профессор Искандар Икромов рисолаи илмиашро дар мавзӯи “Абдуллоҳи Мисраъ ва мақоми ӯ дар адабиёти тоҷики охири асри XIX, ибтидои асри XX” ҳимоя мекунад. Ба андешаи коршиносони ин соҳа, мавзӯи пажуҳиши ин бону барои ҷавонону мутахассисон солҳои тӯлонӣ метавонад хидмат намояд. Новобаста аз ташвиши рӯзгор ва унвони бибиро соҳиб гардидан, муаллима корҳои илмии хешро хотима бахшиданӣ нест, мехоҳад, ки дар пешрафти илми тоҷик ва таълиму тарбияи насли ҷавон саҳми шоиста гузорад.

Инак, шуруъ аз соли 2005 тайи 17 сол аст, ки муаллима Райҳонгул Қурбонова ба ҳайси саромӯзгори кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар фаъолият карда истодааст.

Дар ҳақиқат, пешаи омӯзгорӣ хеле мураккабу серташвиш, вале басо пуршарафу ифтихорангез аст. Чунки дар таълиму тарбияи насли худогоҳу худшинос ва ватандӯст омӯзгор нақши калидӣ дорад.

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,

Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

Наҷибулло ВАЛИЕВ,

донишҷӯи курси чорум ихтисоси журнлаист-тарҷумон

Возможно, это изображение 1 человек

2626

Комментарии: 3

Нравится

Комментировать