• бахшида ба Рӯзи омӯзгор

Каримов Сафарбек Ҳакимович [тав. 21. 08. 1960, д. Свердлови ҳозира Ҷ. д. Сарвати Истиқлоли н Коммунистӣ (ҳоло Кӯшониён)-и вил. Хатлон], номзади илмҳои филологӣ (1997), дотсент (2003), Аълочии маорифи Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Таҳсил дар мактаби миёнаи № 39-и н. Коммунистӣ(1967–1977). Хатмкардаи Ин-ти давлатии омӯзгории Кӯлоб (ҳоло ДДК) ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1981).

Муаллими МТМУ-и № 39-и н. Коммунистӣ (1981–1990), омӯзгори «Кафедраи забон ва адабиёт» (1990–1993), ҷонишини декани факултети филология оид ба таълим (1993–1995), мудири «Кафедраи адабиёти тоҷик» (2003–2006), декани факултети забонҳои таҳсилоти ғоибона (2006–2008), мудири «Кафедраи рӯзноманигорӣ»(2012), декани факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва варзиши ДДБ ба номи Носири Хусрав (2012–2013).

Соли 1997 Дар мавзӯи «Консепсияи шахсияти зан дар достонҳои ишқии романтикии адабиёти асрҳои XI–XII» таҳти роҳбарии проф. Наҷмӣ Сайфиев рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.

Муаллифи 1 монография ва зиёда аз 30 мақолаи илмӣ-методӣ. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

Возможно, это изображение 1 человек

3232

Комментарии: 3

Нравится

Комментировать