Хайров Ашӯралӣ Гургакович [тав. 1. 07. 1964, д. Пушкини Ҷ. д. Навободин. Колхозобод (ҳоло Ҷалолиддини Балхӣ)-и вил. Хатлон], номзади илмҳои химия (2000), Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2003). Таҳсил дар МТМУ-и № 38-и н. Колхозобод (1971–1981).

  • бахшида ба Рӯзи омӯзгор

Хатмкардаи факултети химияи УДТ ба номи Владимир Илич Ленин (ҳоло ДМТ, 1986). Ҷонишини директор оид ба таълими МТМУ-и № 38-и н. Колхозобод (1988–1995), муаллими калон (1995–2003) ва унвонҷӯи «Кафедраи химияи умумӣ» (1996–2000), ҷонишини декани факултети химия ва биология (2000–2001), мудири «Кафедраи химияи умумӣ» (2001–2005), декани факултети химия ва биология (2005–2007), сардори шуъбаи назорати сатҳи сифати таҳсилот (2007–2008), сардори маркази сабти низоми кредитии таҳсилот (2008–2012), сардори раёсати таҳсилоти ДДБ ба номи Носири Хусрав (2012–2014), ноиби ректор оид ба илм, иноватсия ва робитаҳои хориҷии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон (2014), сардори маркази бақайдгирӣ ва машварат (2014–2017), сардори маркази тестӣ дар ДДБ ба номи Носири Хусрав (2018–2020). Аз соли 2003 дотсенти «Кафедраи химияи умумӣ»-и факултети химия ва биологияи ҳамин донишгоҳ. Дар мавзӯи «Пайвастҳои комплексии оҳан (II) бо анионҳои полиэдрии клозоборатӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст. Муаллифи 73 мақолаи илмӣ, 2 китоб ва як монография. Бо ифтихорномаҳои Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми вил. Хатлон (2001) ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002)сарфароз гардидааст.

Возможно, это изображение 1 человек

3838

Комментарии: 9

Нравится

Комментировать