Яке аз сабабҳои сиёсишавии дини ислом дар Тоҷикистон паҳн гардидани идеологияи ифротгароӣ ва террористии «исломизм» мебошад. Идеологияи мазкур аз ҷониби ҳизби Наҳзати исломӣ, ки хусусияти ифротгароӣ ва дорои хусусияти динӣ тарғибу ташвиқ гардида, бо роҳи зӯроварӣ ташкил намудани давлати исломиро ҳадафи асосии худ қарор медиҳанд.

Инчунин яке аз проблемаҳои асосӣ дар баррасии эҳёи ислом дар ташаккул ва инкишофи ҷараён ва ҳаракатҳои мухталиф дар ҷаҳони ислом, муайян намудани мақсад ва вазифаи онҳо истифода гардидани мафҳумҳои зиёд ҳисобида мешавад. Дар шароити имрўза проблемаи сиёсишавии динӣ босуръат таҳқиқ карда мешавад, ки дар онҳо метавон бо чунин мафҳумҳо, ба монанди «фундаментализми исломӣ», «исломизм», «радикализми динӣ», «экстремизми динӣ», «терроризми динӣ», «салафизм» рў ба рў шуд. Чунин истифодаи мафҳумӣ шаҳодати он аст, ки байни фундаментализм, радикализм, экстремизм, терроризм ва ислом алоқамандие ҷой дорад.

Лекин бояд қайд намуд, ки мавҷудияти чунин алоқамандӣ аз ҷониби одамони гуногун ва мактабҳои таҳқиқотӣ рад карда мешавад. Ба ақидаи онҳо гурўҳҳое, ки амали террористиро пиёда намуда худро исломӣ меҳисобанд, асосан исломӣ нестанд. Ин гурўҳҳо, танҳо бо ислом ба рўй ва мақсади асосии худ парда мекашанд, ки чунин ақидаро ҳизби Наҳзати исломӣ дастгирӣ менамояд, ки мехоҳанд амалҳои зиддиқонунро ба ҷо оваранд ва ҳифз намоянд.

Яке аз ин самтҳои радикалии инкишофи исломи сиёсӣ дар Тоҷикистон мушоҳида гардид, ки он ҳизби Наҳзати исломӣ мебошад. Дар шароити имўза фаъолияти ин ҳизб дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон пайгирӣ карда шуда, ҳамчун таҳдид ба амният ва бехатарии кишвар баррасӣ карда мешавад. Қайд намудан зарур аст, ки самти радикалии ҳизби Наҳзати исломӣ бе мавҷудияти трансформатсияи дохилӣ ва идеологӣ, дар ягон ҳолат ҳамчун шарик дар муносибат бо давлат эътироф карда намешавад.

Илова бар ин қайд намудан зарур аст, ки ҳизби Наҳзати исломӣ дар ягон ҳолат наметавонад, ки манфиати мусулмононро чӣ дар дохили давлат ва чӣ дар сатҳи минтақавӣ ҳимоя намояд. Инчунин ҷиҳати фарқкунандаи ҳизби Наҳзати исломӣ дар он зоҳир мегардад, ки дар Тоҷикистон он ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид.

Возможно, это изображение 3 человека

Нравится

Комментировать