Дар охири асри ХХ ва ибтидои асри XXI зуҳуроти сиёсишавии дин ба яке аз масъалаҳои муҳимми ҳаёти сиёсии ҷомеа табдил ёфта, ба равандҳои иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷомеа таъсири амиқ мерасонад. Дар кишварҳое, ки низомҳои сиёсиашон дар ҳоли ташаккулёбӣ мебошанд ва дар марҳилаҳои муҳимми давлатдорӣ ва рушди ҷомеа қарор доранд, дин ба саҳнаи сиёсат ворид гардида, ба таври фаъол ва чашмгир дар ҳаёти сиёсии кишвар таъсиррасонӣ менамояд.

Махсусан, дар ҷомеаҳои демократии замони муосир иштироки дин дар равандҳои сиёсии ҷомеа кайҳо боз ҳамчун воситаи дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию идеологии неруҳои мухталиф истифода бурда мешавад. Чи гунае, ки аз таҷрибаи давлатҳои гуногуни олам мушоҳида кардан мумкин аст, сиёсишавии дин дар замони муосир дар аксар маврид дар самти таъмини амнияти миллӣ ва таъмини суботи сиёсии ҷомеа мушкилиҳои зиёдро ба вуҷуд меоварад.

Ин ва дигар хусусияти сиёсишавии динро ба инобат гирифта, онро ҳамчун омили бавуҷудоваранда ва ташаккулдиҳандаи ифротгароии динию сиёсӣ муаррифӣ намудан мумкин аст. Агар чунин тамоюлот дар давлати дунявӣ ба амал ояд, бе чуну чаро ба ифротгароии динию сиёсӣ оварда мерасонад. Зеро неруҳои сиёсие, ки динро ҳамчун яроқи идеологӣ истифода мебаранд, барои тағйир додани сохти конститутсионии давлат, ки мақсади ниҳоии онҳо мебошад, ба ҳама гуна воситаҳои мубориза, аз ҷумла зӯроварию терроризм низ рӯ меоваранд.

Возможно, это изображение в мультипликационном стиле

11