Имрӯз 4 октябри соли равон дар бинои факултети филологияи тоҷик мизи мудаввар бахшида ба “Рӯзи забони давлатӣ” таҳти унвони “Забон – поя ва ҳастии миллату давлат” доир шуд, ки дар он Меҳрубон Назаров, декани факултети филологияи тоҷик, Шарифхон Шарипов, номзади илмҳои филологӣ, Сангимурод Шарипов, мудири кафедраи рӯзноманигорӣ, Ҷаббор Саидов, номзади илмҳои филологӣ ва донишҷӯёни ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик иштирок доштанд.

Нахуст, Сангимурод Шарипов, мудири кафедраи рӯзноманигорӣ мизи мудавваро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният гуфт.

Сипас, Сангимурод Шарипов, мудири кафедраи рӯзноманигорӣ, номзади илмҳои филологӣ, роҷеъ ба “Забон-муаррифгари миллату давлат” суханронӣ намуд.

Зикр кард, ки забони тоҷикӣ таърихи беш аз панҷҳазор сола дошта, бо ин забон олимону шооирон ва эҷодкорони зиёде асарҳои мондагор офаридаанд, ки имрӯз ҷомеаи башарӣ аз онҳо васеъ истифода мебаранд.

“Дар баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва рушди ҷомеа соҳаи маънавиёт ва сатҳи забондонию забоншиносии мардум низ боло рафт, ки ин таваҷҷуҳи хосса намудан ба ин муқаддасоти миллӣ маҳсуб меёбад”-афзуд, С. Шарипов.

Дар идомаи мизи мудаввар Ҷаббор Саидов, номзади илмҳои филологӣ ва Шарифхон Шарипов, номзади илмҳои филологӣ маърӯза намуданд.

Дар қисмати дуюми мизи мудаввар, бахши адабӣ-фарҳангӣ қироати шеърҳо дар васфи бузургдошти забони тоҷикӣ аз ҷониби донишҷӯён доир гардид.

Наҷибулло Валиев,

донишҷӯи курси чоруми факултети филологияи тоҷик

и ещё 2

4040

Комментарии: 3

Нравится

Комментировать