Сухани табрикии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ

Устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни азиз!

Муҳимтарин даврон дар таърихи миллати мо давраест, ки сарнавишти ояндаи миллатҳоро таъйин сохт ва донишмандону адибон, ба ҷаҳон осори гаронмояву арзишманд боқӣ гузоштанд. Дар ин давра адабу афкори баланди тоҷикона ҷойгоҳи шоиставу эътирофи ҷаҳониёнро ба даст оварданд.

Ҷолиб ин аст, ки миллати тоҷик на танҳо ганҷинаеро, ки дар бағал дошт, дар он шебу фарозҳои пурхатари роҳи ҳазорсолаҳо гум накард, балки болои он боз ганҷҳои гаронбаҳотарро илова карда, барои наслҳои муосир ва оянда ба мерос гузошт, яке аз он ганҷҳои бебаҳо забони тоҷикӣ буд.

Маҳз мавҷудияти забони мукаммали тоҷикӣ ва шоҳкориҳои адабиву илмӣ сабаб шуданд, ки халқи тоҷик дар тӯли ҳазор соли бенасибӣ аз давлату давлатдорӣ аз байн наравад.

Шукри неъмати истиқлол ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки забони тоҷикӣ дар гаҳвораи худ боз аз сари нав забони давлатӣ эълон шуд ва мақоми пешинаву деринаи худро касб кард.

Акнун забони тоҷикӣ ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи нерӯи ақлониву зеҳнӣ ва баёнгари таърихи гузаштаву муосир мақоми волотаре касб намуд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки таваҷҷуҳи миллату давлат нисбат ба густариш ва инкишофи забони модарӣ зиёд аст. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар китоби хеш «Тоҷикон дар ойинаи таърих» иброз медорад, ки мо бояд насли забондону огоҳу бедордилро тарбия намоем, то дар замони муосир кор карда тавонанд ва барои меҳани худ хидмати шоиста намоянд: “Тарбияи чунин насли соҳибмаърифат, огоҳу бедордил, забондону ҷӯянда ва донандаи техникаву технологияи муосир минбаъд низ ҳамчун самти муҳимми сиёсати давлат боқӣ мемонад”. Дар шароити соҳибистиқлолии Тоҷикистон забони тоҷикӣ, ки мақоми давлатиро соҳиб шудаву ҳавзаҳои истифодааш густариш пайдо намудааст ва ба ҳайси забони сиёсат, иқтисод, илм, қонунгузорӣ, фарҳанг корбурд мешавад, ба нерумандии бештар ниёз дорад. Ва ин давра, беш аз ҳар даврони дигар, азму иродаи созанда ва дастгириву пуштибонии самимонаи ҳамаи соҳибзабононро тақозо мекунад, ки рушду такомули ин забони асилро бо назардошти талаботи замони нав марҳала ба марҳала таъмин намуда, онро аз ҳар гуна газандҳо ҳифз намоянд.

Устодону ҳамкасбон ва донишҷӯёни азиз!

Дар шароити тезутунди ҷаҳонишавӣ, яъне таъсири фарҳангиву забонӣ, моро зарур аст, ки баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ, барои пешрафти забони тоҷикӣ ва тавсеаи доираи истифодаи он мунтазам кӯшиш ва ғамхорӣ намоем.

Имрӯз мо- ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бояд кӯшиш кунем, ки забони худро ба забони фарогири корӣ ва муошират, яъне ба забоне, ки ҷавобгӯи ҳамаи ниёзҳои даврони истиқлол ва давлати мустақил бошад, табдил диҳем. Бо масъулияти тамом ва дар асоси меъёрҳои илмӣ ҳифз кардани забони давлатӣ, нигаҳдорӣ ва такмилу сайқал додани он вазифаи тамоми фарҳангиён ва аҳли ҷомеа мебошад, ки ҳайати омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар аз зумраи онҳост.

Имрӯз ҳар як фарди тоҷикро зарур аст, ки барои омӯзиши таърих, фарҳангу забони модарӣ, дастовардҳои илм ва технологияҳои пешрафтаи муосир дар баробари забони тоҷикӣ, рисолати худро анҷом диҳанд ва бовар дорем, ки забони мо дар оянда на танҳо бақои худро нигоҳ медорад, балки зина ба зина рушд меёбад ва тавонову ғаниву густурда мегардад. Ба ҳамин хотир аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо ва такрор ба такрор насли ҷавонро даъват мекунад, ки фарҳанги ғании гузаштаи миллати худро хуб омӯзанд, аз мероси гаронбаҳои шоирону мутафаккирони асрҳои пешин баҳрабардорӣ намоянд, ба қадри тамаддун ва арзишҳои фарҳангӣ, забони миллӣ ва шеъру сухани оламгири ниёгонамон бирасанд, зеро забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон бирасем.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, тамоми соҳибзабонони кишварро бо иди Рӯзи забони давлатӣ шодбош гуфта, барояшон саломатӣ, саодати рӯзгор ва дар ҷодаи пурмасъулияти соҳибзабонӣ барору комёбиҳоро таманно дорам.

Рӯзи забони давлатӣ муборак!

Возможно, это изображение 1 человек и стоит

5555

Комментарии: 17

Нравится

Комментировать