Тоҷикистони соҳибистиқлол зери парчами ваҳдату ҳамбастагӣ, бунёдкорию созандагии пурсамар ва дар партави сиёсати хирадмандонаю фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти таърихӣ тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи минтақавию байналмилалӣ аз нигоҳи фарҳангию иттилоотӣ низ барои худ касб намояд, чунонки акнун ҳеҷ гуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа дар ин самтҳо бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард.


Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ ба фарҳанг такя мекарданд ва имрӯз низ корбаст аз фарҳанги миллӣ шеваи фаъолияти доманадорашон мебошад. Президенти мамлакат ҳанўз 8 сентябри соли 2005 зимни суханронӣ дар таҷлили 14 – солагии Истиқлолияти давлатӣ иброз дошта буданд: «Мо имрӯз ифтихор дорем, ки тоҷикон аз ҷумлаи қадимтарин миллатҳои ҷаҳон буда, бо осори гаронбаҳои моддӣ ва маънавии худ барои пешрафти фарҳанг ва маънавиёти халқҳои дигар хизмати шоиста кардаанд. Ба ибораи дигар, тоҷикон маҳз аз файзу баракати ҳамин арзишҳову анъанаҳои аҷдодӣ тавонистаанд, ки ҳам ҳастии худро нигоҳ доранд ва ҳам дар минтақаи Осиё нақши тамаддунсозиро бозида, дар радифи қадимтарин миллатҳои дунё ҷой гиранд ва худро ба оламиён ҳамчун миллати фарҳангӣ муаррифӣ намоянд».


Ба андешаи Сарвари давлат, моҳиятан падидаи таърихиву фарҳангии миллати мо аз ҷавҳари гуманистии тамаддуни ориёӣ, аз замони пайдоиши Авасто, давраҳои гузаштагони бузургамон – аз аҳди давлатдории Каёниён то Сомониён ва тамаддуни оламгири ҳазорсолаҳо сарчашма мегирад. Фарҳанги ориёӣ, ки мо яке аз меросдорони асили он ҳастем, ба башарият китоби муқаддаси “Авасто” ва нахустин намунаи тамаддуни башардӯстонаро тақдим намуд. Таъсири пурфайзи ин тамаддун аз Ҳинд то Юнон барои вусъати ҷаҳонбинӣ, рушди илму адаб ва маданияти зиндагиву рӯзгордорӣ бағоят равшан ва арзишманд аст, ки ин ҳақиқатро олимону таърихшиносон кайҳо эътироф намудаанд. Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат, фарҳанги аҷдодии мо бо шиори фарогир ва пурарзиши “Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек” беҳтарин ва равшантарин орзую омоли инсониятро ҳакимонаву орифона ифода намудааст ва ин суханони пурҳикмат на барои як қавму миллат, балки барои ташаккули афкору рафтори аҳли башар хидмат кардаанд. Маҳз ҳамин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарият аз Зардушту Монӣ сар карда, то Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абуалӣ Синову Носири Хусрав, Шайх Аттору Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз, Ҷомиву Сайидо ва садҳо нобиғаҳои илму адабу фарҳангро ато кардаанд.


Дар айни ҳол муҳаббат ба Ватани аҷдодӣ, таърихи пурифтихори миллат ва ниёгони фарҳангдӯсту тамаддунпарвари он набояд чашми моро аз раванди пурталотуми дастовардҳои ҷаҳони муосир, вусъати ақли башарият, пешрафти инқилобии илму техника ва тараққиёти рӯзафзуни давлатҳои мутамаддини олам бубандад. Баръакс, мо ҳар қадар Ватанамонро бештар дӯст дорем, бояд ҳамон андоза кӯшиш намоем, ки аз қатораи бо суръати кайҳонӣ пешравандаи асри XXI қафо намонем, ҳамкориҳои худро бо кишварҳои тараққикардаи олам густариш бахшем, арзишҳои илмиву фарҳангии умумибашарӣ, дастовардҳои техникаву технологияи муосир ва кашфиёту бозёфтҳои навтаринро омӯзем ва гузашта аз ин ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо симои хосаи худ пайвандем, дастовардҳои истиқлолият ва рукнҳои давлату давлатдории миллиро чун гавҳараки чашм пос дорем.


Бояд гуфт, ки арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва расму оинҳои мардумӣ, инчунин баргузории солгарди бузургони илму адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо ва ҳифзи мероси адабию фарҳангӣ ва таърихиву илмӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, бешубҳа, аз сиёсати дурандешона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд. Бо мақсади густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа бо ибтикори Пешвои миллат солгарди фарзандони фарзонаи миллат, аз қабили 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии форсу-тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1000-солагии Носири Хусрав, 675-солагии Камоли Хуҷандӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1310-солагии Имоми Аъзам Абуҳанифа, 600-солагии Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ, 700-солагии мутафаккири барҷастаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таҷлил гардиданд. Ҳамзамон, санаҳои таърихиву фарҳангии 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисори Шодмон дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта шуданд.


Пешвои миллат дар мақоми давлатӣ гирифтани ансамблҳои «Шашмақом», «Фалак», таҷлили ҳамасола ва бошукўҳи Иди байналмилалии Наврӯз, ҷашнҳои Меҳргон, Сада, Сайри гули лола, инчунин Рӯзи Шашмақом, Рӯзи Фалак, Рӯзи Китоб, дастгирии чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ нақши калидӣ бозиданду мебозанд. Бо ибтикори Пешвои миллат муассисаҳаи муҳташами фарҳангӣ, аз қабили Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифтанд. Ҳамзамон, бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат қисме аз арзишҳои фарҳангӣ, аз ҷумла Шашмақом ва Наврӯз ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм ба Феҳристи мероси моддии созмони фавқуззикр ворид гардиданд. Соли 2019 мусиқии Фалак, ёдгории таърихии Ҳулбук ва ҷашнҳои Меҳргону Сада низ ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод гардиданд. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихию фарҳангии мо эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад.


Бояд тазаккур дод, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, пайваста зикр мекунанд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар давлат ҳифзи асолати миллӣ, забону фарҳанг ва ёдгориҳои таърихӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз бо ҳамин сабаб, Саразм ба сифати яке аз нахустин ёдгориҳои давраи ориёӣ ва намунаи беҳамтои ин тамаддун, маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон эълон гардид. Баъдан бо дастгирӣ ва супориши бевоситаи Пешвои миллат, тайи солҳои 2004-2008 5 иншооти ёдгорӣ болопӯш ва атрофи он бо панҷарадевор иҳота карда шуд. Сарвари давлат ҳангоми ташрифи худ ба Саразми бостонӣ, солҳои 2003 ва 2005, Саразмро “Хазинаи тиллоии таърихи халқи тоҷик” унвон карданд.


Ёдрас мешавем, ки ёдгории Саразм ба шарофати таваҷҷуҳи хоссаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ин ёдгории таърихӣ, силсилабоздидҳояшон аз ин шаҳри бостонӣ, вохўриҳои вижаашон бо сарвари вақти ин созмони бонуфузи байналмилалӣ Коочиро Матсуура дар Париж ва Душанбе 31 июли соли 2010 бо Қарори Кумитаи байналмилалии мероси фарҳангии ҷаҳонии ЮНЕСКО ба феҳристи Маркази мероси умумиҷаҳонии фарҳангӣ, яъне нодиртарин ёдгориҳои фарҳангии умумибашарӣ ворид гардид. Ин нахустин ёдгории бостоншиносии Осиёи Марказӣ аст, ки ба ин феҳристи бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамроҳ шудааст. Ба рўйхати ин созмони бонуфузи байналмилалӣ шомил гардидани ёдгории Саразм ба ҷаҳониён бори дигар собит месозад, ки ниёгони мо панҷуним ҳазор сол пеш яке аз аввалинҳо шуда, ба маданияти кишоварзиву чорводорӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозиву шаҳрдорӣ дар Осиёи Марказӣ замина гузоштаанд. Эътирофи ин ҳақиқатро мо яке аз дастовардҳои фарҳангии даврони соҳибистиқлолии Ватанамон медонем.

Возможно, это изображение 1 человек, стоит и костюм

1313

Комментарии: 1

Нравится

Комментировать