Равандҳои сиёсии дохилӣ ва минтакавию ҷаҳонӣ ҳамеша аз рўи фаъолият ва таъсири сарварон сиёсӣ ба ин ё он самт майл пайдо намуда, ба сўи оянда ҳаракат дорад. Ҷойгоҳ, нақш ва таъсири пешвоёну нухбагони сиёсӣ дар таҳаввулоту дигаргуниҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангии башарият ҳамеша мондагор буда, он ҳеҷ гоҳ аз хотираи таърихӣ зудуда намешавад. Дар ин робита ба андешаи мо, шахсияти сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳам дар дигаргуниҳои наздик се даҳаи охири ҳаёти доихли Тоҷикистон, дигаргуниҳои минтақа ва дар қабули қарорҳои башардӯстонаи ҷаҳонӣ бисёр назаррас мебошад. чанд рӯзе қабл дар Ҷумҳурии Туркманистон бо Қарори муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ нахустин мукофоти олӣ – “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардидани он, тасдиқи ин гуфтаҳо мебошад.

Чунин эътибор ва эҳтироми хосаи сарони давлатҳои минтақа нисбати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесабаб набуда, маҳз донишу таҷрибаи бойи сиёсиву давлатдорӣ ва сифатҳои фавқулодаи ӯ боис гардидааст, ки дар ин давра ба чунин мақому эҳтироми раҳбарони сиёсии сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ сарфароз гарданд.

Пешвои миллат дар байни сарони давлатҳои минтақа ягона Роҳбаре мебошанд, дар ин давра ҷиҳати на танҳо рушди сиёсати дохилӣ, бунёду таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳамчунин дар муаррифии осори қадимаи халқҳои Осиёи Марказӣ, махсусан тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ ҷаҳду талошҳои зиёд намуданд. Гузашта аз ин, пуштибонӣ пайдо намудани чор ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об худи исботи таҷрибаи бойи сиёсӣ доштани пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Имрӯз дар Осиё ва Аврупо Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Роҳбари ташаббускор ва Сарвари инсондӯст мешиносанд. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба сари қударт омадани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд нигаронида шудааст. Вақте сухан дар бораи сиёсати дарҳои кушод меравад, моҳияти сиёсати мазкур низ ба роҳ мондани ҳамкории дӯстона бо тамоми давлатҳо ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ мебошад. Ҳадафи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон низ маҳз ба ҳаллу фасли масъалаи умумиҷаҳонӣ нигаронида шудааст. Яъне, Тоҷикистон аз қабили он кишварҳое нест, ки танҳо ба манфиатҳои миллии хеш маҳдуд бошад. Балки, Роҳбари кишвар ҳамчун шахсияти инсондӯст дар фаъолиятҳои берунаи давлат манфиатҳои ҷомеаи башариро дар мадди назар гирифта, дар ҳалли ҳаргуна масъалаҳо аз рӯи чунни мантиқ муносибат менаоянд.

Моҳияти чунин сиёсат ва шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кишварҳои ҳамсоя аён аст ва зимни муносибатҳо хоҳу нохоҳ бетаъсир нахоҳад монд. Агар дар бораи ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя сухан гӯем, Роҳбари давлат соли 1993 самтҳои сиёсати хориҷии кишварро муқаррар намуданд, ҳамкории дӯстона бо давлатҳои минтақаро дар қатори чор ҳавзаи сиёсати хориҷӣ қарор доданд. Дар ин давраи соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама маврид бо давлатҳои ҳамсоя принсипи муносибати дӯстонаро нигоҳ дошт, ки ин ба манфиати ҳамаи давлатҳо хизмат намуд. Ҳоло бо гузашти замон сарони давлатҳои ҳамсоя чунин муносибат ва дурандешии сиёсии Роҳбари давлати Тоҷикистонро дарк намуданд. Туркманистон гарчанде аз соли 1995 дар самти сиёсати хориҷӣ «сиёсати бетарафӣ» эълон дошта бошад ҳам, ки мутобиқи он давлат ба ҳаргуна блокҳои ҳарбиву сиёсӣ ворид нашуда, худро аз бозиҳои сиёсиву геополитикӣ дар канор мегирад, Тоҷикистон бо ин кишвар муносибати дипломатӣ ва ҳамкории дӯстона ба роҳ мондааст. Туркманистон дар баробари дар сиёсати хориҷӣ «сиёсати бетарафӣ» пеш бурдан, бо давлатҳои дуру ҳамкории иқтисодӣ ба роҳ монда, ҷиҳати рушди иқтисодиёти хеш талошҳои зиёд намуд.

Чанде пеш баргузор шудани вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Туркманистон ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои гуногуни минтақавӣ ва ба ҳам наздик намудани назарҳо ва мавқеи давлатҳо рӯйдоди бисёр муҳим ба ҳисоб меравад. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мисли ҳамешагӣ дар ин вохӯрӣ яке аз иштирокчиии фаъол таклиф намуданд, ки дар шароити кунунӣ ба таҳияи чорабиниҳои нав ва муассири мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятнок диққати ҷиддӣ дода шавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба густариши ҳамкорӣ дар бахши тандурустӣ, бахусус дар самти таъмини некӯаҳволии санитарию эпидемиологии аҳолӣ минтақа, ки ҳоло барои ҳамаи кишварҳои минтақа ба масъалаи рақами як табдил ёфтааст, таклифи муфид ба миён гузоштанд. Аз нуқтаи назари мубрамияти масъала ҳамкории кишварҳои минтақа дар ҳалли муаммои мазкур бисёр муҳим ба назар мерасад. Ҳамзамон вобаста ба таҳкими амнияти минтақа, ки бидуни он амалӣ сохтани ҳамагуна барномаҳои муштараки кишварҳо душвор ва ҳатто имконпазир аст, Пешвои миллат иброз доштант, ки «дар шароити кунунӣ, ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти радикализм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, андешидани чораҳои таъхирнопазирро тақозо мекунад».

Умед аст, ки тақвияти боварии байниҳамдигарии давлатҳо ва ҳалли дастаҷамъонаи масъалаҳои муштарак ба манфиати мардумони ҳамаи давлатҳо буда, он барои рушди ҳамкории минбаъад боз ҳам заминаи муосид фароҳам меорад.

Шӯҳрат Саидзода

Возможно, это изображение 1 человек и стоит

2828

Комментарии: 2

Нравится

Комментировать