Дар литсейи назди ДДБ ба номи Носири Хусрав аз ҷониби таҷрибаомӯз, донишҷӯи курси 5-уми ихтисоси таърих ва ҳуқуқи факултети таърих ва ҳуқуқ Алихонова Муҳаббат дарси кушод дар мавзуи “Кашфи оташ ва нақши он” дар синфи 5-ум аз фанни таърихи халқи тоҷик гузаронида шуд.

Дар дарси кушоди мазкур мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ, н.и.т. Садриддини А., роҳбари таҷрибаомӯзии факултет Қаландаров С., мушовирони тахассусӣ омӯзгорон Худойқулзода Ҳ., Раҳимов И. ва директори литсей Бобоева Ш. иштирок намуданд.

Боиси зикр аст, ки таҷрибаомӯз Алихонова М. дарсро дар сатҳи хуб бо назардошти талаботҳои низомномавӣ баргузор намуд.

1616

Комментарии: 2

Нравится

Комментировать