Моддаи 21- и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ” ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ гуфта шудааст.

1. Ба донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ шаҳодатномаи донишҷӯ ва дафтарчаи имтиҳонотии намунаи муқарраргардида дода мешавад.

2. Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ доранд:

– дар ташкили мазмуну мундариҷаи таълими худ бо риояи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ иштирок намоянд.

Ин ҳуқуқи онҳо бо шартҳои қарордоди байни донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки барои таҳсил ва ба кор таъмин кардани онҳо мусоидат мекунад, маҳдуд шуда метавонад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1529);

– курсҳои факултативӣ (барои самти нишондодашавандаи таълим (ихтисос)) ва курсҳои элективиро (ба таври ҳатмӣ интихобнамуда), ки аз ҷониби факултет ва кафедраи дахлдор пешниҳод мегарданд, интихоб намоянд;

– ғайр аз фанҳои таълимии (ихтисосии) соҳаи интихобшуда ҳар гуна фанҳои дигареро, ки дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таълим дода мешаванд, бо тартиби муқаррарнамудаи Оинномаи он, инчунин фанҳои дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дигар таълимдодашавандаро аз бар намоянд;

– мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи тахассуси ҳарбӣ таълим гиранд;

– тибқи ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз шакли таълими пулакӣ ба шакли таълими ройгон гузаранд;

– дар муҳокима ва ҳаллу фасли муҳимтарин масъалаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла, ба воситаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти давлатии идораи маориф иштирок намоянд;

– аз китобхонаҳо, китобхонаҳои электронӣ, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, интернет, фондҳои иттилоотии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, бахшҳои таълимӣ, илмӣ, табобатӣ ва бахшҳои дигари муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Оинномаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таври ройгон истифода намоянд;

– дар корҳои илмию таҳқиқотӣ, конференсияву симпозиумҳо ва маҳфилу озмунҳо иштирок ва баромад намоянд;

– асарҳои худро барои чоп, аз ҷумла дар нашрияҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пешниҳод кунанд;

– аз амру фармонҳои маъмурияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдор шикоят кунанд.

3. Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ, ки дар шӯъбаҳои рӯзона таҳсил мекунанд ва аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ таълим мегиранд, ба андозаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо стипендия таъмин карда мешаванд. Тартиби муқаррар ва пардохти стипендия аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

4. Донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар асоси низомномаи дахлдор ҳуқуқ доранд стипендияи муқаррарнамудаи шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқиро, ки онҳоро барои таҳсил фиристодаанд, инчунин стипендияҳои шахсан таъиншударо гиранд.

5. Ба донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи нишондоди тиббӣ ва дар ҳолатҳои дигари истисноӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми давлатии идораи маориф рухсатии академӣ дода мешавад.

6. Барои донишҷӯени шакли рӯзонаи таҳсилот, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил мекунанд, мӯҳлати даъват ба хидмати ҳарбӣ мутобиқи қонун дар давраи таҳсил ба таъхир андохта мешавад.

7. Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ доранд, аз китобхонаҳои давлатӣ ройгон истифода баранд ва ҳамчунин ройгон вориди осорхонаҳои давлатӣ шаванд.

8. Барои донишҷӯёни шӯъбаҳои рӯзона ва шабона дар як соли таҳсил на камтар аз ду маротиба таътил муқаррар карда мешавад.

9. Донишҷӯи эҳтиёҷманди манзил дар хобгоҳ (ба шарте ки муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фонди дахлдори манзил дошта бошад) бо ҷойи хоб таъмин карда мешавад.

10. Донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои комёбиҳо дар таҳсил ва иштироки фаъолона дар корҳои илмию таҳқиқотӣ мутобиқи Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо мукофотҳои маънавӣ ва ё моддӣ сарфароз гардонида мешаванд.

11. Донишҷӯ аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар мавридҳои зерин хориҷ карда мешавад:

– бинобар вазъи саломатӣ дар асоси ҳуҷҷати комиссияи тиббию машваратӣ;

– бо сабаби гузаштан ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар;

– барои давомоти нокифоя; – барои қарздории академӣ;

– пас аз рухсатии академӣ ба таълим шурӯъ накардан;

– саривақт напардохтани маблағи таҳсил мувофиқи шартнома;

– дар мӯҳлати муқарраргардида насупоридани се ва зиёда аз он санҷишу имтиҳон; – барои содир кардани ҷиноят;

– ба муассисаи таълимӣ омадан бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 с., № 1465);

– пас аз фавт;

– барои вайрон кардани интизоми таълим, қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ.

12. Барои риоя накардани ӯҳдадориҳое, ки дар Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ пешбинӣ гардидаанд, баъди гирифтани баёноти хаттӣ, мумкин аст донишҷӯ ба танбеҳи интизомӣ кашида ва ҳатто аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ хориҷ карда шавад.

13. Ба донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар раванди таълим истифода бурдани телефонҳои мобилӣ манъ аст.

14. Танбеҳи интизомӣ ба донишҷӯ на дертар пас аз як моҳи ошкор шудани рафтори ӯ ва на дертар пас аз шаш моҳи содир гардидани чунин рафтор дода мешавад, ки ба ин мӯҳлати бемории донишҷӯ ва (ё) вақти таътили ӯ дохил намешавад.

15. Ба донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ кафолати ба таври озод ба дигар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва ё ихтисоси дигар бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф гузаштан дода мешавад. Дар мавриди гузаштани донишҷӯ аз як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муассисаи дигари таҳсилоти олии касбӣ тамоми ҳуқуқҳое, ки барои донишҷӯ бори аввал дар ин зинаи таҳсилоти олии касбӣ пешбинӣ шудаанд, маҳфуз мемонанд.

16. Донишҷӯ баъди ихтиёран ё бо сабабҳои дигар тарк кардани муассисаи олии таълимӣ зимни боқӣ мондани ҳамон шакли таълим (ройгон ё пулакӣ), ки мутобиқан пеш аз тарк кардан таҳсил мекард, ҳуқуқ дорад барои таҳсил ба муассисаи олии таълимӣ барқарор гардад. Дар сурати бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ ба муассисаи таълимӣ омадан донишҷӯ бе ҳуқуқи барқарор шудан ба муҳлати се сол аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 с., № 1465).

17. Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ӯҳдадоранд, ки донишҳои назариявӣ, маҳорати амалӣ ва методҳои муосири таҳқиқро аз рӯи ихтисоси интихобнамудаашон азхуд кунанд, дар мӯҳлатҳои муқарраршуда ҳамаи супоришҳои дар нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ пешниҳодгардидаро иҷро намоянд, арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва маънавиро пос доранд ва Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, қоидаи хобгоҳҳо ва дигар талаботи муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд.

18. Дигар ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои донишҷӯёнро қонунгузорӣ ва (ё) Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ муқаррар менамояд.

19. Мақоми донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ, ки аккредитатсияи давлатӣ дорад, нисбат ба ҳуқуқу озодиҳои академӣ, ба истиснои ҳуқуқи гирифтани стипендияи давлатӣ, баробари мақоми донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбии давлатӣ мебошад.

20. Мақоми донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ, ки аккредитатсияи давлатӣ надорад, дар асоси Оинномаи ҳамин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ муқаррар карда мешавад.

21. Донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбие, ки барои пурра амалӣ намудани барномаҳои таълимӣ аз технологияи фосилавӣ истифода мебаранд, инчунин филиалҳои муассисаи таҳсилоти олии касбии зикршуда, ҳангоми аз ҷониби онҳо амалӣ намудани раванди таълим (ба истиснои машғулиятҳои алоҳида) дар филиалҳо ва тамоми намудҳои аттестатсияи донишомӯзони ин филиалҳо, ҳамаи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои донишомӯзони ҳамин шакли мутаносиби дарёфти таҳсилотро доранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе 19 майи соли 2009, № 531

Возможно, это изображение 9 человек, люди сидят, люди стоят и в помещении

88