Мутобиқи моддаи 21-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ

Донишҷӯ аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар мавридҳои зерин хориҷ карда мешавад:

– бинобар вазъи саломатӣ дар асоси ҳуҷҷати комиссияи тиббию машваратӣ;

– бо сабаби гузаштан ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар;

– барои давомоти нокифоя;

– барои қарздории академӣ;

– пас аз рухсатии академӣ ба таълим шурӯъ накардан;

– саривақт напардохтани маблағи таҳсил мувофиқи шартнома;

– дар мӯҳлати муқарраргардида насупоридани се ва зиёда аз он санҷишу имтиҳон;

– барои содир кардани ҷиноят;

– ба муассисаи таълимӣ омадан бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 с., № 1465);

– пас аз фавт;

– барои вайрон кардани интизоми таълим, қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ.

Барои риоя накардани ӯҳдадориҳое, ки дар Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ пешбинӣ гардидаанд, баъди гирифтани баёноти хаттӣ, мумкин аст донишҷӯ ба танбеҳи интизомӣ кашида ва ҳатто аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ хориҷ карда шавад.

Возможно, это изображение 4 человека и люди стоят

66