Байни шахсиятҳои равшанзамири роҳбарии миллат дар солҳои 20-уми асри XX мавзуи пайвандҳои асили руҳониву маънавии Шириншоҳ Шоҳтемур (1899 – 1937) бо шахсият ва арбоби давлатии ватани ӯ, яке аз роҳбарони дилдодаи бунёдгор ва сарнавиштсози Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Ҳоҷибоев (1900 – 1938) шабоҳату умумияти зиёде мавҷуданд. Зеро зиндагӣ ва корномаи сиёсии ду чеҳраи мумтоз бахше аз таърихи нави халқи тоҷик дар давраи мубориза ба бунёди ҷумҳуриҳои шаклан ва мазмунан нави иҷтимоӣ аст.

Аввалан дар синну соли ин ду чеҳраи тоҷикон қариб тафовут нест, якумӣ соли 1899 ва дувумӣ соли 1900, яке дар Помир (Бадахшон), дигаре дар Хуҷанд зода шуда, ҳар ду ҳам баробар умр дида ва ҳар ду ҳам дар 38 солагӣ ҷони ҷавонро аз даст дода, қурбони шахспарастӣ гаштанд. Дигар монандии зиндагиномаи онҳо тадриси аввалини ин ду чеҳраи сиёсат дар мактабҳои русии маҳаллӣ мебошад: таҳсили Шириншоҳ Шоҳтемур аз соли 1911 дар интернати назди омӯзишгоҳи русӣ – маҳаллии Хоруғ ва хониши Абдураҳим Ҳоҷибоев аз соли 1910 дар мактаби русии маҳаллии Хуҷанд расмият ёфт. Ба ин маънӣ, онҳо аз аввалҳои корашон ба дунёи ғаноманди русӣ ва андешаи русӣ ғарқ шуданд, пайваста русӣ омӯхтанд, ба русӣ навиштанд, ба нозишу болиши тафаккури русиашон пардохтанд, байни раҳбарияти сиёсии замон аз русидонҳои тирози аввал шинохта шудаанд.

Дигар аз шабоҳати ҷолиб он аст, ки таҳсили минбаъда ва корзори меҳнатии Шириншоҳ Шоҳтемур дар шаҳрҳои Осиёи Миёна – Тошканд, Қӯқанд, Фарғона, Хуҷанд, Сталинобод (Душанбе) ва Абдураҳим Ҳоҷибоев дар Фарғона, Ҷалолобод, Тошканд, Самарқанд, Сталинобод (Душанбе) ҷараён гирифтааст. Ин ду шахсияти комгори арсаи сиёсат дар дарозои зиндагиашон аз зинаҳои ташвиқгари одии ҳизбӣ то мансабҳои баланди давлатӣ расида, дар паҳлуи ҳам буданд: Шириншоҳ Шоҳтемур чун ҷонибдори ашадии бунёди ҷумҳурии миллӣ дар ҳайати ҶШС Узбекистон ва созмондеҳи ҳукумати аввалини ҶМШ Тоҷикистон аз вазифаи инструктори КМ ҲК(б) ҶМШ Тоҷикистон то раиси президиуми КИМ Тоҷикистон, дар як вақт яке аз раисони КИМ ИҶШС, аъзои Шурои миллатҳои КИМ ИҶШС расид. Абдураҳим Ҳоҷибоев низ ба сифати яке аз сарсупурдагони ҷонсахти таъсиси ҶМШ Тоҷикистон ва табдили он ба ҷумҳурии мустақили шуравӣ шуҳрати хос ба даст овард, заҳмати зиёд кашид, чун нозири халқии зироати Ҷумҳурии Узбекистон, муовини раиси Комиссияи ислоҳоти обу замини КМ ҲК(б) Узбекистон, раиси Шурои комиссарони халқи ҶМШ Тоҷикистон, аъзои президиуми КИМ ҶМШС Тоҷикистон иқдомҳои хубу ҷолибу назарраси сиёсиву иҷтимоӣ намудааст.

Шириншоҳ Шоҳтемур ва Абдураҳим Ҳоҷибоев зимни тақсими милливу марзии Осиёи Миёна, таъсиси ҷумҳурии мухтор ва табдили он ба ҷумҳурии мустақили мо дар роҳи шинохти миллати тоҷик чун ҷавонтоҷики асил ва ҷонфидо заҳмати бедареғ ба харҷ дода, ба сифати лидерони воқеии сиёсии миллат дар солҳои 20-ум ва ибтидои солҳои 30-юми асри XX маъруф шуданд.

Манобеъ ва пажӯҳишҳои таърихӣ исботи онанд, ки бо саъйи узви комиссияи махсус – Абдураҳим Ҳоҷибоев, Чинор Имомов, Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигарон ба Бюрои сиёсии КМ ҲКР(б) (5-уми октябри соли 1924) оид ба таъсиси вилояти мухтор дар Помир ва пайвасти он ба ҶМШ Тоҷикистон руҷуъ шуд ва аз ин муаррихон ба хулоса омаданд, ки маҳз ҳамин санад сабаби таъсиси ҶМШ Тоҷикистон ба ҷойи вилоят гардид. Ҷаҳди беҳамтои ин мардони фидокор дар пайвасти яке аз марказҳои мутамаддини тоҷикон – Хуҷанд ба ҳудуди тоҷикон ва таъсиси ҶШС Тоҷикистон (1929) ҳам бо рангҳои зарҳалин навишта шудааст.

Ҳамин тавр давраи бобаракат ва пурсамари рӯзгори ин ду шахсияти абармард ба сифати корманди зинаҳои давлатӣ тақрибан 15 – 17 соли умр будаву халос: давраи сабзиш, рушду нумӯ, камолоти роҳбарӣ ва ғуруби Шириншоҳ Шоҳтемур солҳои 1920 – 1937 ва Абдураҳим Ҳоҷибоев солҳои 1918 – 1933 аст, ки давраи зуҳури рӯйдодҳои сиёсиву иҷтимоӣ буд. Инқилоби рус пирӯз гашт, дар Бухоро инқилоб хест, аввал Ҷумҳурии Халқии Шуравии Бухоро, баъдтар ҶМШ Тоҷикистон дар ҳайати ҶШС Узбекистон ва сипас Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфтанд. Солҳои 30-юми асри XX давраи навсозии Тоҷикистони шуравӣ буд ва корномаи раҳбарии сиёсии ин ду арбоби сиёсӣ бо маркази нави иҷтимоӣ-фарҳангии тоҷикон пайванди пайдо кард. Як шабоҳати дигар ширкати ин ду раҳбари тоҷик дар тоҷикшиносӣ мебошад. Дар солҳои 20-уми асри XX падидаи тоҷикшиносӣ аз ду тараф қобили таваҷҷуҳ буд: роҳи аввал тоҷикшиносии сатҳи академикӣ дар шахсияти зумрае аз ховаршиносону муаррихони маъруф, роҳи дуюм дар сатҳи шахсиятҳои раҳбарии тоҷик.

Тоҷикшиносии раҳбарии он замон баробари ҷадалҳои аҳли пажӯҳиши рус падидаи муҳими тоҷикшиносӣ аст. Яке аз сифатҳои асосӣ ва хоси мақомоти раҳбарии тоҷик аз замони таъсиси Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба таърихи халқ ва таълифи асарҳо оид ба таърихи миллат мебошад: навиштаҳои А. Муҳиддинов, Н. Махсум, Ш. Шоҳтемур, Ч. Имомов, А. Ҳоҷибоев, А. Алиев аз рисола, фишурдаҳо ва номаҳо иборат буданд. Дар номаи Ш. Шоҳтемур ба И. Сталин (1926) қазияи тоҷикон ҷиддан таҳлил шудааст. «Шоҳтемур бо коргарони русу ҳизби коммунист зиёд иртибот дошт, ба ин қарор омадаанд, ки нома танҳо бо имзои Шириншоҳ Шоҳтемур биравад» (Шакурӣ М. Равшангари бузург, 2006).

Барои дарки нақши Абдураҳим Ҳоҷибоев дар заминаи тоҷикшиносӣ низ навиштаҳояш, хоса ду асар – «Тезисҳо оид ба вазъи тоҷикон» (1924) ва рисолаи «Тоҷикистон» (1929, 1930, ба тоҷикӣ ва русӣ) арзиши назаррас доранд, ки дар 24 ва 29-солагиаш падид омадаанд. «Тоҷикистон» дар ҳалқаи пажӯҳишҳои илмӣ назарияи шинохти таърихи миллати тоҷикро бар асоси ҳастии маънавии он дар пай дорад.Он ба шинохти пояи илмӣ ва назарии қавми тоҷик то андозае мусоидат намуд.Бо ин рисола ва осори ҳамному ҳаммонанди он исботи халқи тоҷик ва забони ғановатманди он муяссар гардид. Чунин хидматҳои Шириншоҳ Шоҳтемур ва Абдураҳим Ҳоҷибоев дар он давраи ҳассос ба сифати намояндаи ашадиву собитқадами ҷараёни зидди пантуркистӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Миёна низ арзиши баланд доштанд. Ин ду саркардаи сиёсати тоҷикӣ хидмати муҳим ва шоиста дар қомат рост кардани кохи нави сиёсат, фарҳанг ва иҷтимоиёти тоҷик ба ҷо оварда, аммо дар ин роҳ сари ҷавонашонро ба тундбоди ҳаводиси замона бохтанд. Мавҷи ситезу ошӯб бар зидди фаъолият ва мақоми ин ду дар байни садҳо нафар фидоиён хеле боло рафт: пас аз муқовимат ва саркӯбии шадиди ҳизбиву давлатӣ Абдураҳим Ҳоҷибоев 3 ё 4 соли охири умр дар ихтиёри Кумитаи марказии ҳизби коммунист дар Москва буд (1934–1937), дар охири умр шунавандаи Институти иқтисодии профессураи сурх гардид. Соли 1932 Шириншоҳ Шоҳтемурро низ бо хоҳишаш барои таҳсил ба Институти профессураи сурхи Москва фиристоданд, аммо соли 1933 бозхонда, ба сифати раиси Президиуми КИМ Тоҷикистон таин намуданд.

Давраи гуноҳҷӯйӣ аз ду шахсияти сиёсӣ низ шабоҳате ҷолиб доранд: Шириншоҳ Шоҳтемурро ҳангоми дар Москва буданаш аз ҷониби НКВД дастгир карда, ба сараш тамғаи иштирокчии ташкилоти зиддишуравии миллӣ задаанд. 21 октябри 1937 аз ҷониби Коллегияи ҳарбии ИҶШС ба марг маҳкум ва 27 октябр дар полигони Коммунарка парронда шуд. 11 августи соли 1956 боз аз ҷониби ҳамон Коллегияи ҳарбии ИҶШС комилан сафед гардид, ки уро бегуноҳ ба қатл расониданд.

Абдураҳим Ҳоҷибоев пештар аз Шириншоҳ Шоҳтемур 8 июли соли 1937 ҳабс ва баъдтар аз ӯ 25 январи соли 1938 ба иттиҳоми ширкат дар корҳои зиддиинқилобиву террористӣ ба қатл расид ва пас аз Анҷумани бистуми ҳизби коммунист 28 декабри соли 1957 бегуноҳияшро исбот карданд. Зиндагиномаи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Абдураҳим Ҳоҷибоев намунаи бисёр фавқулодаи ҳифзи адолат ва ҳақиқати таърих дар ҷомеаи тоҷикон аст, ки шинохти онҳо бо тамоми мушкил, иштибоҳ ва қаҳрамониашон дар роҳи дарки таърихии дирӯзу имрӯз ва фардои миллати тоҷик ҳамеша муҳим хоҳад буд.

Ҳамкорӣ ва ҳамназарии ин ду рҳбар боиси пешрафти соҳаҳои мухталиф буданд. Инҳо барои таъсиси нашрияҳои тоҷикӣ саҳм гузоштанд, ки дар бедории сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ибтидои солҳои 20-уми асри XX нақши муҳим иҷро кард. Барои ошкор шудани моҳияти ин хидмати муҳими фарҳангӣ изҳори назари Шириншоҳ Шоҳтемур дар пленуми IV КМ ҲК(б) Тоҷикистон (аз 14 феврали соли 1936) ҷолиби диққат аст. Дар он аз таъсиси рӯзномаи «Овози тоҷик» дар Самарқанд (сентябри соли 1924) санад ҳаст: «Дар назди КМ ҲК(б) Туркистон сексияи коммунистии тоҷикон арзи вуҷуд мекард, ки вазифаи сардории онро дар ихтиёр доштам. Мо бояд нахустин рӯзномаро таъсис медодем, аммо маблағе надоштем. Ман бо Абдураҳим Ҳоҷибоев ошно шудам ва ӯ чун раиси ояндаи облконцесскоми вилояти Фарғона барои таъсиси ин нашрия 2000 сум маблағ дод».

Таъкиди Шириншоҳ Шоҳтемур оид ба мусоидати Абдураҳим Ҳоҷибоев оид ба нашри рӯзнома моҳияти равшангариву тоҷикшиносӣ дорад, аммо ин нукта ҳам ҷолиб аст, ки дар давраи саркӯбии сиёсии Абдураҳим Ҳоҷибоев (1933 – 1936) гуфта шудааст. Бо ин таъкид майлу нияти Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҳифзи Абдураҳим Ҳоҷибоев ва бозтоби нақши ӯ дар ҳаллу фасли марзбандии миллии Осиёи Миёна ба манфиати тоҷикон ошкор мекунад. Ин гуна тадбирҳо дар фаъолияти пайвастаи ин ду шахсияти сиёсӣ ҳарчӣ бештар пайгирӣ шудаанд, ки такрори ҳамаи онон маврид надорад. Онҳо ҳамеша аз кӯшиш ва ибтикор оид ба пешрафти адабиву фарҳангии кишвар пуштибонӣ кардаанд.

Масъалаи аз ҳама муҳимтар эътирофи Тоҷикистон ба ҳайси як ҷумҳурии алоҳида дар ҳайати ИҶШС аст ва дар ин амр ҳам хидмати Шириншоҳ Шоҳтемур ва Абдураҳим Ҳоҷибоев, хеле зиёд мебошад. Аввалан мавод далел барои ҳалли масъалаи вобаста ба манфиати таърихии тоҷикон фароҳам оварда шуд. Абдураҳим Ҳоҷибоев бо маводу ҳуҷҷатҳои бо далел исботшуда ба суҳбати И. С. Сталин комгор шуд, ки «Сталинро розӣ бикунад, то Тоҷикистон ба ҳайати Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ, ба унвони як ҷумҳурии иттифоқӣ дохил бишавад». «Ин ривоят то ҳол бо ҳуҷҷате тасдиқ нашуда буд, вале соли 2010 маълум шуд, ки ин ривоят асоси таърихӣ тасдиқи дорад». Бо ҳамин мақсад ин ду фарзанди фарзона милати тоҷик барои таҳкими милли давлати нави Тоҷикистон саҳми бузурге гузоштаанд. Хизматҳои шоёни эшон ҳамеша дар қалбҳо ва дар саҳифаҳои таърих боқи мемонад.

Давлаталӣ Алимов, профессор,

Рамазон Файззода, омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав

Возможно, это иллюстрация (2 человека)

2323