Имрӯз, 21-уми октябр дар назди кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҳфили “Рӯзноманигорони ҷавон” доир гардид. Меҳмони маҳфили мазкур рӯзноманигори шинохта – Суҳроб Азиззода буданд. Ҳамчунин, дар ин миён саромӯзгори кафедраи рӯзноманигорӣ Дилором Маҳкамова, роҳбари маҳфили “Рӯзноманигорони ҷавон” Райҳона Раҳматова, дигар омӯзгорони кафедраи рӯзноманигорӣ Дилбар Иззатуллоева, Меҳрангез Шарипова ва донишҷӯёни риштаи рӯзноманигории донишгоҳ ширкат доштанд.

Мақсад аз баргузории ҷамъомади мазкур, шинос намудани донишҷӯён бо нашрияи кӯдакона, риояи меъёрҳои ҳуқуқии кӯдакон дар нашрияҳои музофотӣ, татбиқ намудани кори эҷодӣ, вусъат бахшидани ҳамкориҳо бо ВАО, ҷалби бештари донишҷӯён ба самти журналистика, васеъ намудани сатҳи ҷаҳонбинии онҳо нигаронида шуда буд.

Нахуст, Дилором Маҳкамова, саромӯзгори кафедраи рӯзноманигорӣ суханронӣ намуда, ҳайати меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ кард. Мавсуф изҳор дошт, ки Суҳроб Азиззода дастпарвари факултети филологияи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав буда, таҷрибаи чандинсолаи журналистӣ дар васоити ахбори оммаро дорад.

Сипас, Суҳроб Азиззода – журналист, ба минбар баромада, аз фаъолияти худ ёдовар гардид. Ӯ изҳор дошт, журналистика яке аз самтҳои муҳими фаъолияти иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, дар рушду пешравии он саҳми ҳар як журналист бояд босазо бошад. Ҳамчунин, мавсуф оид ба самти фаъолияти нашрияҳо ва телевизион ба ҳозирин маълумот дода, иброз дошт, ки ҳайати эҷодии нашрия барои мусоидати ҳамкорӣ намудани донишҷӯён пайваста омода ҳастанд.

Ҳамин тариқ, аз ҷониби донишҷӯён оид ба масъалаҳои фаъолияти касбӣ, риояи меъёрҳои ҳуқуқи кӯдак дар матлабҳои нашрия ва дигар ҷанбаҳои соҳаи журналистика саволу ҷавоб шуд. Донишҷӯён ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Бояд қайд намуд, ки дар соли нави хониш маҳфили “Рӯзноманигорони ҷавон” аввалин маротиба баргузор гардид.