Имрӯз маҳфили навбатии “Менеҷерони ҷавон”-и кафедари менеҷменти факултети менеҷмент ва идораи сайёҳӣ баргузор гардид.

Дар кори маҳфил Раҷабмурод Фозилов, муовини декан оид ба таълим, Қодир Гулов, мудири кафедраи менеҷмент, омӯзгорон ва аъзозоёни маҳфил иштирок доштан.

Нахуст, бо сухани ифтитоҳии Тоҷиддин Холов, роҳбари маҳфил оғоз гардид. Сипас, Амирҳамза Сайфуллоев, донишҷӯйи курси чоруми ихтисоси менеҷменти иҷтимоӣ дар мавзуи «Молия ва зарурати он дар шароити муосир» маъруза намуд. Зимни маърӯзаи хеш Амирҳамза Сайфуллоев зикр кард, ки молия мисли шоҳраг дар пайкари иқтисоди кишвар маҳсуб ёфта ва он тамоми соҳаҳои дигари иқтисодро ба ҳаракат медарорад.

Инчунин, мутобиқ ба барномаи маҳфил яке аз корҳои муҳим дар шароити феълӣ ин баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии донишҷӯён ва дар маҷмуъ, аҳолии минтақа мебошад.

Алишер БЕКОВ,

аъзои маҳфили “Менеҷерони ҷавон”

55