Имрӯз дар факултети сиёсат ва идораи давлатии ДДБ ба номи Носири Хусрав суҳбат-вохӯрии Имомзода Раҳмоналӣ Сайдалӣ, муовини якуми прокурори вилояти Хатлон, Гулмаҳмадзода Ҷамолиддин, сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷовонони Прокуратураи вилоят ва Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ бо донишҷӯёни факултет баргузор гардид.

Дар оғози вохӯрӣ Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, меҳмонро шинос намуда оид ба нақши Пешвои миллат дар меъмори сулҳу ваҳдати миллиро шарҳу тавзеҳ дод.

Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин вазъияти мураккаби сиёсӣ бо такя ба таҷрибаи сулҳ ва консепсияи мукаммали ваҳдатофаринии худ корҳои пешгирию фаҳмондадиҳӣ, фаъолияти илмию таҳлилӣ ва ҷомеапазириро васеъ ба роҳ монда, тамоми имкониятҳоро барои паст кардани шиддати ифротгароӣ, терроризми динӣ ва решакан кардани гароиши ҷавонон ба сафи созмонҳои тундравро ҷораандешӣ менамояд.

Имомзода Раҳмоналӣ Сайдалӣ, муовини якуми Прокурори вилояти Хатлон зимни баромади хеш қайд кард, ки пайдоиши гурўҳҳои ифротӣ бештар аз рақобатҳои идеологӣ ва бархурди манфиатҳои сиёсиву геополитикии қувваҳои муайян сарчашма мегиранд. Яке аз сабабҳои гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дурии ҷавонон аз фарҳангу тамаддун ва бехабарӣ аз асли дину оин номида мешавад. Чун муҳаққиқон ва соҳибназарон бар ин ҳастанд, ки маҳз дур мондани ҷавонон аз мутолиаи китоб онҳоро ба ҳар гуна иқдом мебарад.

Бо мақсади пешгирӣ аз оқибатҳои фаъолшавии гурўҳҳои террористиву экстримистӣ ва хатарҳои он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди СММ ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор додаанд ва эшонро ба муттаҳидшавӣ алайҳи чунин зуҳуроти номатлуб даъват намудаанд.

Ҳамзамон, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамвора дар баромадҳои худ аз мардуми кишвар даъват ба амал меоранд, ки «ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳед», «ватану миллати худро дӯст доред», «ба арзишҳои милливу маънавии худ эҳтиром гузоред».

Бояд ҷомеа, муҳит ва мактабу коргоҳ барои ҷилавгирӣ аз паёмадҳои номатлуби ифротгароӣ масъул бошанд ва бикушанд, то ин зуҳуроти номатлуб ҷомеаи ободу озод ва суботу амнияти Тоҷикистони азизро доғдор насозад.

1010