Таҷрибаомӯзони факултети забон ва адабиёти рус дар Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Бохтар ба таҷрибаомӯзии педагогӣ фаро гирфта шуданд.

Раванди таҷрибаомӯзӣ аз тарафи Муқаддас Рустамзода, декани факултет ва роҳбарони таҷрибаомӯзӣ назорат карда шуда, ба донишҷӯён маслиҳатҳои саривақтӣ дода мешавад.

Имрӯз аз ҷониби Муқаддас Рустамзода, декани факултети забон ва адабиёти рус ба МТМУ №5-и шаҳри Бохтар, Литсейи “Ориёно”, Гимназияи хусусии “Аминҷон” ташриф оварда, аз раванди корҳои таҷрибаомӯзон шинос шуданд.

Дар рафти вохӯрӣ бо таҷрибаомӯзон Сиярова Бадахшон, Тоҷиддинова Оиша ва Эргашоф Фарзин оид ба давомоти онҳо, тарзи пур кардани ҳуҷҷатҳо, ислоҳи хатогиҳои дар ҳуҷҷатҳо мавҷудбуда, тафтиши тайёрии донишҷӯён ба дарсҳо бо айёниятҳои зарурӣ, ташкил намудани чорабиниҳои тарбиявӣ, кор бо роҳбарони синф ва синфҳои вобасташуда маслиҳатҳо дода шудаанд.

44