Дар он маводҳои таълифнамудаи донишҷӯён дар мавзуи ифтихори ватандорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. маводи таълифнамудаи донишҷӯи курси якум Муҳаммадҷон Ҳасанов бо номи “Сафорӯди ман” шунида шуд.

Намунаи матн:

САФОРӮДИ МАН

Сафорӯд номи деҳаи хурдакаке аст, ки ман дар он ҷо ба дунё омадаам. Номгузорон ин номро аз вуҷуд доштани дарёчае, ки аз қисмати поёни деҳаи мо ба тарафи ҷануб равон аст гирифта, ба деҳаи мо ниҳодаанд. Ман аз хурдӣ ба деҳаамон унс гирифтаам. Ба ҳар ҷое, ки наравам ҳамеша ҳушу ёдам ба он банд аст.

Гирдогирди деҳаи манро кӯҳҳои баланд иҳота кардааст. Аҷибаш дар он аст, ки мо бошандагони ин деҳа оғози рӯзро бо баромадани офтоб аз пушти кӯҳҳои як тарафи деҳа ва поёни рӯзро бо ғуруби офтоб ба пушти кӯҳҳои тарафи дигари деҳа гузаронда, шабро бо кашидани пардаи сиёҳ пешвоз мегирем. Шуғли аҳли деҳаи мо ва деҳаҳои гирду атрофи он асосан аз ғаллакорӣ иборат буда, солҳои охир бо омадани об ба зироаткорӣ низ машғуланд. Хушбахтона, аксари деҳаҳои ноҳияи Данғара , ки деҳаи ман низ тобеи ҳамин ноҳия аст, вақтҳои охир обёрӣ шуда, заминҳои ташналаб сероб гашта истодаанд. Ин боис ба он шудааст, ки одамони деҳа дар заминҳои наздиҳавлигӣ помидору бодиринг ва дигар полезиҳоро парвариш намуда, зиндагиашонро пеш баранд. Аз дарахтони мевадиҳанда себ, ангур, шафтолу, нок, тут, бодом, анҷир дар деҳаи мо парвариш ёфта, ҳосили хуб медиҳад. Баъзан мардуми деҳаи мо барои баровардани эҳтиёҷоти худ аз чорводорӣ низ кор мегиранд, ки на ҳама ба он дастрасӣ доранд. Ин аст маълумоти мухтасар аз ҳолу аҳволи бошандагони деҳаи хурдакакам, ки пешкаши хонандагон намудам.

Падари бузургворам, ки аз аҳли қаламанд ҳамеша таъкид мекард, ки зиндагӣ дар деҳа кайфияти худро дорад, ки на ҳар кас ба дарки он сарфаҳм меравад. Шӯхию бозӣ бо ҳамсолон, нишастан дар суҳбати мӯйсафедон, гирифтани дуои калонсолон на дар ҳама ҷо дастрас мебошад. Ин сифатҳо танҳо хосси мардуми деҳа аст, ки аз он меҳру муҳаббат ва самимият тавлид ёфта, ба гирду атроф паҳн мешавад. Дар идомаи суҳбаташ падарам қайд мекард, ки аксар бузургони дунё дар деҳа чашм ба олами ҳастӣ кушода, аз зиндагии деҳа ба худ панд андӯхта, ба камол расидаанд.

Баъди ба итмом расонидани мактаби деҳа ва дохил шудан ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳақиқати гуфтаҳои падарамро дарёфт намудам, ки воқеан меҳру муҳаббат нисбат ба ватани паҳновар, забон, миллат ва тамоми муқадассот аз деҳа сарчашма мегирад.

Албатта, ин гуфтаҳо бобати деҳае, ки дар он ҷо ба дунё омадаам кам аст, дар шумораҳои оянда ният дорам, ки дар ин мавзуъ бештар навишта, ба чоп супорам.

Ҳасанов Муҳаммадҷон,

донишҷӯи курси 1-уми факултети филологияи тоҷик

1111