Дар факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ маҳфили навбатии «Низоми андоз»–и назди кафедраи андоз ва андозбандӣ, дар мавзуи «Андоз аз воситаҳои нақлиёт ва тартиби ҳисоби он» доир шуд.

Дар маҳфил Маҳмадшариф Дустов, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси андоз ва андозбандӣ бо маърӯза баргузор мегардад.

Гуфта шуд, ки рӯёндани андоз аз воситаҳои нақлиёт аз соли 1992 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

“Дар моддаи 357-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба супорандагони андоз гуфта мешавад, ки супорасндагони андоз аз воситаҳои нақлиёт шахсоне мебошанд, ки соҳиб ва (ё) истифодабарандаи воситаҳои нақлиёти дорои объекти андозбандӣ дониста мешаванд.

Объектҳои андозбандӣ автомобилҳо, мотосиклҳо, мотороллерҳо, автобусҳо ва механизмҳои дигари худгарди пневматикӣ ва тасмачарх, ҳавопаймоҳо, чархболҳо, локомотивҳои роҳи оҳан, киштиҳои муҳаррикдор, яхтаҳо, киштиҳои бодбонӣ, заврақҳо, барфгардҳо, чанаҳои муҳаррикдор, обгардҳои муҳаррикдор ва воситаҳои нақлиёти обӣ ва ҳавоии дигар мебошанд, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд”, – афзуд Маҳмадшариф Дустов.

Пас аз маърӯза аз ҷониби иштирокчиён суолу ҷавоб доир гардид.

Бахтовар Файзуллоев,

роҳбари маҳфил

3535

Комментарии: 6

Нравится

Комментировать