Воқеаҳои фоҷиабори солҳои 90-ум дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун авроқи сиёҳи таърихи халқи тоҷик маънидод карда шудааст, ки бо номи «ҷанги шаҳрвандӣ» ва «ҷанги бародаркӯш» маълум аст.

Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1993 заминаҳои объективӣ ва субъективии худро дошт. Пеш аз ҳама рафти бозсозӣ мушкилиҳои зиёдеро пеш овард. Буҳрони иқтисодию сиёсӣ ҷомеаи Шӯравиро пахш карда буд. Зиндагии мардум коста гардид, музди меҳнат сари вақт дода нашуд. Шумораи бекорон торафт авҷ гирифт. Вазъи иҷтимоии мардум давра ба давра коҳиш ёфта, зиёдшавии аҳолӣ низ ба пешрафти давлат монеа шуда метавонист.

Дар раванди демократикунонии ҷамъият, ошкорбаёнии азҳоби нави сиёсӣ, аз ҷумла демократҳо ва исломиён ба майдон омаданд, ки аз норозиҳои мардум истифода бурда, мехостанд барномаҳои худро татбиқ намоянд. Баъди воқеаҳои февралии соли 1990 Ҳизби наҳзати ислом аз пинҳонкорӣ баромада, мунтазам дар якҷоягӣ бо дигар ҳизбҳои демократӣ байни шаҳрвандон кори сиёсиро пеш гирифт. Ҳизби демократӣ аз 26 март то 17 майи соли 1992 митинги фавқуллодаро дар майдони “Шаҳидон” ташкил намуд, ки вай дар зери шиорҳои сиёсии зидди ҳукумат ва дастгирии ислом мегузашт. Муборизон ҳатто аъзоёни ҳукумат ва парлумонро гаравгон гирифта буданд. Дар ҷавоб ба ин ҳамоиш моҳи майи соли 1992 издиҳоми халқ дар майдони “Озодӣ” ҷамъ омад, ки мақсади онҳо дастгирӣ намудани хукумат буд. Мақсади намоишчиёни ҳар ду майдон дар воқеъ аз нав кардани сохтори давлат буд. Дар рафти ин муқовимат аввалин кушторҳо ба амал омаданд. Ҳамин тавр, зиддиятҳои дохилӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ омада расид.

Дар ҳайати ҳукумати нави таъсисёфта нақши муҳимро “Мусолиҳаи миллӣ” мебозид. Барнома оиди хотима додани ҷанги дохилӣ 4 ноябри соли 1992 дар ҷаласаи якҷояи роҳбарони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва вазири хориҷии Русия А. Козырев, ки дар шаҳри Алмаато баргузор гардид, тасдиқ карда шуд. Онҳо инчунин пешниҳод карданд, ки ҳарчи зудтар иҷлосия даъват карда шавад. Дар ин асно шаҳри Хуҷандро ҷои гузаронидани иҷлосия ихтиёр намуданд, то ки бехатарии вакилон кафолат дода шавад.

Аз 16 то 19 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд дар қасри Арбоби колхози ба номи Саидхуҷа Урунхуҷаев Иҷлосияи XVI-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давом кард. Мақсади асосии он хомуш кардани ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳу субот дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт. Дар рӯзи 19-ноябр бо дастгирии вакилони мардумӣ Эмомалӣ Раҳмонов раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.

Дар рафти Иҷлосия роҳбари давлат сухани аввалини хешро чунин оғоз карда буд: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд дар ором кардани вазъият ҳамдами якдигар бошем».

Воқеан, ин Иҷлосияи муҳими таьрихӣ оғози аз вартаи нобудӣ раҳо ёфтан ва ба сулҳу ваҳдат ва созандагию бунёдкорӣ расидани миллати мо гардид. Он дар бунёди давлатдории миллии тоҷикон ва таҳкими соҳибистиқлолии кишвар як марҳилаи сифатан навро асос гузошта, барҳам хӯрдани давлати тоҷикон ва аз миён рафтани миллати тоҷикро пешгирӣ намуд.

Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияш дар бобати Иҷлосия таъкид мекунад, ки “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин Иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сӯи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадами нахустин гузошта шуд”.

Ин Иҷлосияи тақдирсоз аз лаҳзаҳои аввали фаъолияташ манфиатҳои умумимиллӣ ва умумидавлатиро аз ғаразу манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ, ҳизбӣ, маҳаллӣ ва минтақавӣ афзалтар дониста ба волоияти қонун ва бо роҳи қонунӣ ҳаллу фасл намудани тамоми мушкилоти ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ ибтидо гузошт.

Муҳаммадзода Бобоҷон,

омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав

Возможно, это изображение 2 человека и люди стоят

3535

Комментарии: 3

Нравится

Комментировать