Имрӯз 9-уми ноябри соли 2022 дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар конференсияи вилоятии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳёи давлатдории навини тоҷикон” баргузор гардид.

Ин конференсия бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав доир шуд, ки дар он Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ Ғайбулло Авзалов, Адолат Раҳмонова, Эшбӯрӣ Эсанқулов, Амирхон Шамсов, ректорони донишгоҳҳои ҳудуди вилоят, собиқадорони меҳнат, ходимони давлатию ҷамъиятӣ, фаъолон ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.

Дар кори конфронс инчунин тариқи онлайн устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва Донишгоҳи давлатии Данғара низ иштирок доранд.

Нахуст, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳи ДДБ ба номи Носири Хусрав ҳамчун раисикунандаи конференсия ҳайати меҳмононро ва иштирокчиёнро хушомадед намуда конференсияи мазкуро ҳусни оғоз намуд.

Зимни баромади худ Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ иброз дошт, ки дар Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов дар як муддати кӯтоҳ тавонист, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис диҳад, аксарияти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонад ва ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ созад.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни ироаи маърӯзаи худ қайд карданд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки бо тадбирҳои хирадмандона, матонату ҷасорати фавқулода ва зиракии сиёсии худ кишварро аз панҷаи боди фано раҳо кунанд ва ғурбатзадаҳоро ба ватан баргардонида, хуршеди сулҳу ваҳдат бо ибтикори ин фарзона фарзанди миллат дар осмони Тоҷикистони азиз нурафшонӣ намуд.

“Халқи тоҷик аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашта, ба воситаи андешаҳои поку машварат ба сулҳу ваҳдат расид ва дар ин Иҷлосияи шуҳратафзо ҳама он 23 масъалае, ки пешниҳод шуда буд, ҳаллу фасли худро ёфта, ҳокимияти қонунӣ ба фаъолияти худ оғоз бахшид. Яке аз масъалаҳои муҳим – эҳё намудани собиқ вилояти Хатлон маҳз дар ҳамин Иҷлосия матраҳ шуд ва 2 декабри соли 1992, таҳти рақами 755, қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси вилояти Хатлон” ба тасвиб расид”, – афзуд Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон.

Ҳамчунин, дар ин конфронс вакилони Иҷлосияи XVI Ғайбулло Авзалов дар мавзӯи “Аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди давлатдории миллӣ”, Адолат Раҳмонова дар мавзӯи “Сабақҳои таърихии иҷлосияи 16-ум”, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбонов дар мавзӯи “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сароғози эҳё, рушд ва дастовардҳои беназири соҳаи тандурустии кишвар” ва ректори Донишгоҳи давлатии Данғара бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои хеш баромад намуданд.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав

и ещё 5

8686

Комментарии: 10

Нравится

Комментировать

3535

Комментарии: 3

Нравится

Комментировать