“Эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла парчам – арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои миллат аст”

Эмомалӣ Раҳмон

Парчами давлатӣ рамзи муқаддасест, ки дар он истиқлолият, ваҳдат ва осудагии миллату давлат таҷассум меёбад. Ҳамчунин Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳимми истиқлоли миллӣ ва давлатдории муосир ба ҳисоб рафта, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлоли сиёсӣ, иттиҳоди вайроннашавандаи табақаҳои гуногуни иҷтимоии ҷомеа, дӯстию бародарии ҳамаи миллатҳои сокини ҷумҳурӣ мебошад. Ин рамзи муқаддас нишонаи бақои миллат, давлат, ваҳдат, ҳуввияти миллӣ ва яке аз беҳтарин воситаҳои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандорӣ, ифтихори миллӣ, хештаншиносӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таъриху фарҳанг маҳсуб меёбад.

Аз аҳди бостон парчам ифодагари маркази лашкар, мавқеи сарлашкар ва нерубахшу ҳидоятгари он ба пирӯзӣ ба шумор мерафт. Забти парчами як лашкар аз ҷониби лашкари дигар маънои пирӯзӣ бар онро дошт ки фориғ аз сафкашию ҳарбӣ парчами лашкар ба таври доимӣ аз ҷониби гурӯҳе аз сарбозон назорат ва ҳимоя мешуд, ки ин анъана то ба имрӯз боқист. Бинобар ин ба достони “Заҳҳок ва Коваи оҳангар”-и “Шоҳнома”-и ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ “Коваи оҳангар” аз зулму истибдоди Заҳҳок, ки дар радифи ҷавонони зиёди кишвар писарони ӯро низ туъмаи худ карда буд, ба дод омада, барзидди ин шоҳи хунхор шӯрида, пешбанди чармии худро ба найза баста, халқро ба шӯриш даъват кардааст ва ба пирӯзӣ расидааст. Ба ин роҳ, шоҳ Фаридун ба тахт омада, пешбанди Коваи музаффарро “Дирафши Ковиёнӣ” хондааст. Баъд аз ин ҳодисаи таърихӣ парчам ба рамзи пирӯзӣ ва баъд ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфтааст.

Муҷассамаи Парчами давлатӣ ин аст, ки он рамзи Истиқлоли давлатӣ, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои сокини ҷумҳурӣ мебошад. Тоҷ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон аз соҳибдавлатӣ ва мустақилият, ҳафт ситора ишора ба ҳафт иқлими ҷаҳон, ҳафт бародарон, ҳафт қабати осмон мебошад ва ранги сурх рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият ва ранги сафед рамзи бахту иқболи сафед, нияти неки халқ ва ранги сабз нишони саъю кӯшиш ва заҳмати халқ баҳри сарсабзиву хуррамии кишвари азизамон мебошад.

Дар асл Парчами давлатӣ дар болои биноҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳокимияти қонунбарор, мақомоти иҷроия, мақомоти ҳокимияти судӣ ва дар дигар маконҳои расмӣ афрохта шудааст. Инчунин Парчами давлатӣ дар болои биноҳо ва воситаҳои нақлиёти намояндагиҳои дипломатӣ ва консулӣ, дар болои воситаҳои нақлиётии шахсони расмии мақомоти олии давлатӣ, дар биноҳои раъйдиҳӣ ва интихоботӣ, дар қисмҳои Артиши миллӣ, дар постгоҳҳои марзӣ, дар мақомоти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дар болои хонаҳои истиқоматӣ, дар толори маҷлисгоҳҳо ва маконҳои ба ин монанд афрохта мешавад.

Тасвири парчам дар тамоми аломатҳое, ки муаррифгари давлатанд раво дониста мешавад ва умуман Ливои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба ҳолатҳои муайян истифода намудан мумкин аст, ба шарте, ки нисбати он беҳурматӣ зоҳир накунанд.

Бояд таъкид намуд, ки ифтихор аз ватан ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллат қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Дар робита ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар табрикоти худ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ қайд намудаанд, ки: “Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад”.

24 ноябри соли 1992 Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард ва бо ҳамин дар таърихи парчамдории тоҷикон саҳифаи нав оғоз шуд. Маҳз дар ҳамин рӯз кишвари мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардидааст, ки ин санаи таърихӣ муаррифгари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муқаддасоти миллат, аз ҷумла Парчами давлатист. Ливое, ки ҳастӣ ва ифтихори миллии моро ифода мекунад ва гувоҳи истиқлол, таҷассумгари ғурури милливу ору номуси ватандории мост.

Бигзор Парчами давлатӣ ҳамеша дар қуллаҳои баланду сарсабзии ватани маҳбубамон Тоҷикистон парафшонӣ кунад ва барои ҳар як сокини кишвар мояи ифтихори миллӣ бошад ва мо бо ин парчам ифтихор дорем ва бошад, ки ин парчам то абад пойдору парафшон бимонад.

ВАЙСИДДИН Раҷабов,

докторант Phd-и кафедраи педагогика

Возможно, это изображение один или несколько человек и текст

4242

Комментарии: 10

Нравится

Комментировать