МАРКАЗИ ТЕСТӢ ДОНИШҶӮЁНРО АЗ РӮЙИ БАРНОМА БА ҚАЙД МЕГИРАД

Имрӯз аз ҷониби Маркази тестии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷиҳати бақайдгирӣ дар базаи ягонаи донишгоҳ бо истифода аз акс, изи ангушт дар таҷҳизоти “Фес-айдӣ” ба роҳ монда шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки Маркази тестии донишгоҳ аз 22 то 30-юми ноябри соли 2022 донишҷӯёни дар донишгоҳ таҳсилкунандаро ба марказ даъват намуда аз қайд мегузаронад.

Пас аз сабт шудани донишҷӯ ин барнома метавонад, ҳангоме, ки донишҷӯ ба донишгоҳ ворид мешавад бо истифодаи акс ва изи ангушт ба қайд бигирад.

Ҳамзамон, бо ин усул гузаргоҳи электронии омӯзгоронро низ метавон ба роҳ монд, ки ин пешниҳод дар баррасӣ аст.

и ещё 3

6262

Комментарии: 4

Нравится

Комментировать