Имрӯз дар гурӯҳи 102-103-и ихтисоси физика –информатика аз ҷониби Бобоҷон Муҳаммадзода, омӯзгори кафедари таърихи халқи тоҷик дарси лексионии намунавӣ дар мавзӯи “Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати байналҳалқӣ” бо иштироки Шуҳрат Ҳасанов, сардори Раёсати сифати таҳсилоти донишгоҳ, Файзиддин Наботов, мудири кафедра, Рустам Казаков, дотсент ва омӯзгорони факултети таърих ва ҳуқуқ доир шуд.

Омӯзгор Бобоҷон Муҳаммадзода зимни баргузории дарс аз унсурҳои технологияи муосир кор гирифта тариқи слайд лексияи худро пешниҳоди донишҷӯёну омӯзгорон гардонид.

Омӯзгори дарсдиҳанда, оид ба мавзӯи матраҳшаванда иброз дошт, ки баъди имзои сулҳи байни тоҷикон (27-уми июни соли 1997) обу рӯ ва эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ боз ҳам зиёд гардид.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти сайёра мустаҳкам сохта, ба доираи ҳамкориҳои худ давлатҳои бисёрро ворид намуд ва бо назардошти манфиатҳои миллӣ тавозуни муносибатҳо ва манфиатҳои худро таъмин кард. Сиёсатӣ “Дарҳои боз” 2002 меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистонро таҷассум мекунад. Хушбахтона, дар он марҳилаи тақдирсоз бо ҳидояти роҳбарияти кишвар, Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқӣ ҷомеаи ҷаҳони эътироф гардид ва то имрӯз зиёда аз 150 кишвари ҷаҳон давлати Тоҷикистонро ба расмият шинохта аст ва бо 126-тои он муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои фаъоли 51 созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мебошад.

Дар идомаи лексия иброз гардид, ки соли 2009 бо иқдом ва ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 1310 – солагии зодрӯзи фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, пешвои мазҳаби аҳли суннат Абуҳанифа Нуъмон Ибни Собит, ки бо номи Имоми Аъзам маълуму машҳур аст, “Соли бузургдошти Имоми Аъзам” эълон гардид. 5-6-сентябри он сол дар шаҳри Душанбе симпозиуми байналхалқи дар мавзуи “Мероси Абуҳанифа ва аҳамияти он дар муколаммаи тамаддунҳо” барпо гардид. Дар кори он беш аз 500 нафар меҳмонони дохилию хориҷӣ аз 50 кишварҳои олам иштирок намуданд. 18-21 майи соли 2010 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи 37-уми созмони конфронси исломӣ (СКИ) барпо гардид, ки дар кори он намояндагони 57 давлатҳои аъзои ин ташкилоти бонуфӯз иштирок намуданд. Ҳузури чунин миқдор намояндагон аз давлатҳои исломӣ, худ гувоҳи дар ин мамлакатҳо ва эътибор доштани давлатӣ соҳибистиқлоли мо мебошад.

Ҳар сол миёни Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари ҷаҳон табодули мол сурат мегирад соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқӣ яке аз созмонҳои бонуфӯзтарини дунё – созмони умумиҷаҳонии савдо гардид.

Дар охир, иштирокдорон фикру андешаҳои худро оид ба раванди гузариши дарси намунавӣ баён намуда, ба устод барору комёбӣ хостанд.

9999

Комментарии: 32

Нравится

Комментировать