Дар доираи нақша чорабиниҳои Созмони кор бо ҷавонони донишгоҳ дар якҷоягӣ бо факултети таърих ва ҳуқуқ дар хобгоҳи донишгоҳ миёни донишҷӯён озмуни ҳозирҷавобонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намуданд.

Дар чорабинӣ созмони кор бо ҷавонон, мудирони кафедраҳои факултети таърих ва ҳуқуқ ва донишҷӯён иштирок доштанд.

Дар оғози чорабини омӯзгорон доир ба таърихӣ пайдоиши парчам ва нақши он дар раванди давлатдорӣ маърӯза намудаанд.

Сипас, озмуни ҳозирҷавоб доир гардид. Дар озмуни мазкур, масъулин саволҳоро оид ба санаҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла Парчами миллӣ ва дигар муқаддасоти миллӣ ба донишҷӯён пешниҳод намуданд. Донишҷӯёни дар хобгоҳ иқоматдошта, дар саволу ҷавоб иштироки фаъолона намуда, ба саволҳои ҳозирин посухҳои мушаххас гардониданд.

Дар фарҷоми озмуни ҳозирҷавобон, ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравии Раёсати донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд. Иштирокчиён аз иқдоми мазкур истиқболу сипосгузорӣ намуда, пешниҳод намуданд, ки чунин озмунҳои ҷолиб дар миёни донишҷӯён бештар баргузор карда шавад.

4747

Комментарии: 6

Нравится

Комментировать