Парҷам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои асосӣ, нишонаҳои соҳибихтиёрии давлат ба шумор меравад. Бегумон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар як давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳамон давлату миллат маҳсуб мешаванд.

Агар ба таърих назар кунем истифодаи парчам аз шӯриши Коваи оҳангар бар зидди зулму ситами Заҳҳок ибтидо мегирад. Кова барои халоси ёфтан аз зулми Заҳҳок мардумро бар зидди ӯ хезонд ва пешбанди чармии худро бар сари чӯбе кард ва онро боло бардошт то мардум дар атрофаш ҷамъ шаванд.

Коваи оҳангар баъди шӯриш бардоштанаш бар зидди Заҳҳоқ ғалаба мекунад ва Фаридун ба тахти шоҳӣ менишад ва фармон медиҳад пораи чарми пешбанди Коваро бо ҳарирҳои зарду сурх ва бунафш ороста намоянд ва дурру гавҳар бар он афзун кунанд. Аз ин пас номи «Дирафши Ковиён» падид омад. Баъд аз Фаридун ҳар подшоҳе бар «Дирафши Ковиён» чизе меафзуд, ки ҳатто дар шаб ҳам медурахшид. Муҳаммади Баламӣ ин гуфтаҳоро дар асари «Таърихи Табарӣ»-и худ чунин мегӯяд: «Баъд аз Фаридун «Дирафши Ковиён» ба дасти мулукони (подшоҳони) Аҷам ҳамеомад ва ҳар кассе чизе бадон ҳамекард ва гавҳару ёқут, то чанд чиз бар ӯ карданд, ки пӯст нопадид шуд то вақти Яздигурд ибни Шаҳриёр.”(Яздигурд ибни Шаҳриёр охирин подшоҳи Сосониён мебошад, ки дар таърих бо номи Яздигурди 3 машҳур аст. А. Н.) ва онро «Диравши Ковиён ном карданд». Аз гуфтаҳои Муҳаммади Балъамӣ ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки «Дирафши Ковиён» то охири мавҷудияти давлати Сосониён вуҷуд доштааст. Вақти ки форсҳо аз арабҳо дар ҷанги Қодисия шикаст мехӯранд ва «Дирафши Ковиёнӣ» ба дасти арабҳо меафтад ва онро ба назди халифа Умар Ибни Хаттоб бурданд, вай аз бисёрии гавҳарҳо, дурҳо ва ҷавоҳироте, ки ба дирафш овехта шуда буд, дучори шигифтӣ шуд ва ба навиштаи Балъамӣ халифа Умар фармон дод то гавҳарҳои онро бигиранд ва онро бисӯзонанд.

Лозим ба зикр аст, ки дар бораи «Дирафши Ковиёнӣ» танҳо мо метавонем аз манобеи асримиёнагӣ маълумоти заруриро ба даст оварем. Аз ҷумла, Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, дар асари «Таърих-р-русул вал-мулук», Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», Абулҳасани Масъудӣ, Ибни Халдун, Кофаи Фаррух ва дигар зикри онро дар асарҳояш кардаанд.

Ҳамчунин, дар аҳди бостон бисёре аз подшоҳон сарлашкарон дорои парчамҳои гуногун буданд, ки онро ҳангоми ҷанг дар саропардаҳои хеш насб мекарданд. Барои мисол метавонем аз ранги саропардаи Рустам биёрем, ки сабз ва парчамаш бунафш буд.

Тоҷикон дар тӯли ҳазорсолаҳо соҳиби парчамҳои гуногун буданд, вале ҳанӯз дар хусуси парчамҳои аҳди Сомонӣ ва давлатдориҳои минбаъда маълумоти дақиқ ба даст наомадааст. Ҳатто парчами Аморати Бухоро кай қабул шудааст дар ягон сарчашмаи таърихӣ оварда нашудааст. Парчами аморати Бухоро аз ду ранг–сабзу сурх, моҳу ситора ва як навиштаҷоти зарин иборат буд ва дар канори чапи он рӯи хати сабз «Султон сояи Аллоҳ дар рӯи замин аст» навишта шудбуд. Соли 1921 парчами Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро қабул шуд, ки ҳамранги ҳамон парчами амирӣ буд. Танҳо ба ҷойи навиштаҷоти «Султон сояи Аллоҳ дар рӯи замин аст» чор ҳарф «Б.Н.С.Р.» дар рӯи он нақш гардид, ки шакли кутоҳшудаи «Бухарская Народная Советская Республика», яъне Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро аст. Баъ аз ин парчамҳои Тоҷикистон бо тақозои талабот ва сиёсати ҳамон замон давра ба давра иваз шудан гирифтанд, ки асосан аз Парчами ИҶШС гирифта шуда буданд.

Дар солҳои 1924-1929 парчами Тоҷикистон саросар сурх буд. Фақат дар канори чапи он акси доси тоҷикиву болға, ситора, пахта ва навиштаҷоти нав бахати форсӣ-«Пролетариатҳои ҳамаи ҷаҳон, ба ҳам оед!» ҷой гирифта буд.

Баъди оне ки соли 1928 алифбои лотиниро қабул кардан ва он ба парчам бетаъсир намонд. 23-юми феврали соли 1929 парчами нави Тоҷикистонро қабул карданд, ки дар он номи ҷумҳурӣ бо хатти лотинӣ сабт гардид. 16-уми октябри соли 1929 Тоҷикистон аз мухторияти Узбекистон бароарда шуд ва Ҷумҳурии Шӯравӣ сотсиалистӣ дар ҳайати Иттиҳоти Шӯравӣ пазируфта шуд. Соли 1931 Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон қабул гардид. Баъди қабули Конститутсия 25-уми феврали соли 1931 парчам ҳам нав карда шуд ва ин парчам то соли 1935 истифода мешуд. Соли 1935 парчам аз нав қабул шуд, ки дар он номи ҷумҳуриро бо забони русӣ навиштанд ва он то соли 1940 истифода гардид. Баъд аз он ки аз алифбои лотинӣ ба алифбои крилӣ гузашт парчам боз иваз карда шуд ва то соли 1953 он парафшон буд.

20-уми марти соли 1953 Парчами Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон боз тағйир ёфт. Ин дафъа сохтораш нисбатан соддатар буд: аз боло ва поён ранги сурх ва дар миён ду хати нисбатан борики сафеду сабз дошт. Дар гӯшаи чап аз боло досу болға ва ситорача ҷойи худро ҳифз карданд. Ин парчам то соли 1991 арзи ҳастӣ кард. Аз соли 1991 то соли 1992, яъне то пазириши парчами кунунӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон парчами пешинаи шӯравиашро бо андак дигаргунӣ, яъне бе ситораи панҷгӯша ва досу болға ба кор бурд.

Парчами нави давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол 24 уми моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин парчам бо таваҷҷӯҳ ва дар заминаи парчамҳои қадими миллӣ, аз ҷумла дирафши ковиёнӣ омода шуда аст.

Бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2009 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ дар ҷумҳурӣ таҷлил карда мешавад.

Моҳи августи соли 2011 ба ифтихори 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе боғи «Парчам» кушода шуд. Дар ин боғ парчами ҷумҳурӣ дар баландии 165 метрбарафрохта шуд, ки ҳамон вақт баландтарин парчам дар чаҳон ба ҳисбо мерафт ва он ба китоби Рекордҳои Гиннес ворид гардид.

Садриддини Айниддин ,

номзади илмҳои таърих,мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ

Возможно, это изображение ‎текст «‎شئر 24 ноябр рузи парчами-давлатии парчами, чумхурии очикистон парчами MO рамзи хаёти осоишта, вахдати човидонаи милли ва умед ба фардои ободи халки точикистон аст. эмомали рахмон‎»‎

2929