Дар заминаи шартномаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия ташрифи ҳайати намояндагони вилояти Омски Федератсияи Россия ба вилояти Хатлон барои иштирок дар “Фестивали лимӯ ва намоиши маҳсулоти саноатии вилоят” омаданд.

Зимни ин сафар Маевский Дмитрий Павлович, ректори Донишгоҳи давлатии техникии Омск, Замятин Сергей Владимирович, ректори Донишгоҳи давлатии Омск ба номи Ф.М. Достоевского ва Бурулько Игорь Евгеньевич, котиби якуми Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дидан намуданд.

Нахуст, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав ҳайати меҳмононро ба донишгоҳ хушомадед намуда, барои ҳамкориҳои минбаъда андешаҳои худро баён доштанд.

7373

14 комментариев

Нравится

Комментировать