Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор шуд, ки дар он 3 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ғолибият озмун шуданд.

Натиҷаи ҷамъбасти ниҳоӣ нишон дод, ки дар миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣдар номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ Муродалӣ Миракзода — донишҷӯи курси 4-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Ҷумахон Сафаров- донишҷӯи курси 3-и факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи далватии Бохтар ба номи Носири Хисрав соҳиби ҷойи сеюм ва Саёҳат Шукурова- донишҷӯи курси 4-и факултети химия ва биология Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби ҷойи сеюм гардиданд

Ба ғолибони ҷойи сеюм 20 ҳазор сомонӣ, диплом ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Гуфта шуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар доир мегардад.

Имсол озмуни мазкур аз рӯйи 5 номинатсия – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср миёни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 1-4), хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11), донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардид.

Возможно, это изображение 5 человек, люди стоят и в помещении

131131

85 комментариев

Нравится

Комментировать

Отправить