Хурсандиовар аст, ки ироаи Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба давраи бисёр рушду инкишофи давлатдории халқи тоҷик рост омад.

Ироаи Паёми имсолаи Пешвои миллат дар марҳилаи сифатан нави ноил гардидани мардум ба комёбиҳои назаррас ва пешравиҳои давлатдории миллӣ ба вуқуъ пайваста, фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, маориф ва илм, тандурустӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш, ба ҳисоб меравад.

Мардуми заҳматкашу соҳидавлатамон зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, дар зарфи се даҳсолаи соҳибихтиёрӣ тавонистанд дар раванди корҳои созандагию ободонӣ, рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, бунёди неругоҳҳои азим ва азнавсозии роҳҳу нақбҳо, ҳизи марзу якпорчагии давлат ва манфиатҳои миллӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат қадамҳои устувор гузошта истодаанд.

Дар оғози суханронӣ Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳодисаҳои рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ, рушди давлатдории миллӣ, ҳифзи истиқлолияти миллӣ ва аз заҳмату муттаҳиди миллати тоҷик ёдовар гардида, қайд намуд, кӣ: “Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд”.

Чунин таъкидҳои саривақтии роҳбари давлатамон, мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтар аз ҳама ҷавононро водор месозад, ки беш аз ҳарвақта ба қадру аҳамиятӣ Истиқлолиятӣ давлатӣ, сулҳу оромии кишвар, ваҳдати миллӣ ва тинҷию осудаҳолии диёри хеш бирасанд ва барои ҳифзи Истиқлолияту ваҳадти миллӣ чун ҳамешагӣ омода бошанд.

Чун ҳарсола дар баробари дигар соҳаҳои калидии кишвар меҳвари Паёми солонаро таваҷҷӯҳ ба соҳаи илму маориф, таълиму тарбияи дурӯсти наврасону ҷавонон, соҳибкасбу маърифатнок гардонидани ин қишри ояндасози ҷомеа ва сиёсати давлатии ҷавонон фаро гирифта, Пешвои миллат аз дастовардҳову камбудиҳо ва иҷрои саривақтии барномаҳои давлатии қабулшудаи соҳа ибрози андеша намуд.

Пешвои муаззами миллат таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, иброз дошт, ки “Ҷавонони мо аз ҷавонони солҳои гузашта ба куллӣ фарқ мекунанд, бениҳоят ҳиссӣ баландӣ ватандӯстӣ доранд” .

Бояд ёдовар гардид, ки Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос, яъне насли ояндасози миллат ва давлат дар солҳои соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст.

Маврид ба ёдоварист, ки дар даврони солҳибистиқлолии кишвар иқдомҳо ва ташаббусҳои созандаи ҷавонону наврасон ҳамеша дастгири ёфта, сиёсати давлатии ҷавонон зери таваҷҷуҳи меҳварии роҳбари давлатамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт.

Маҳз дастгириҳои пайваста Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ марҳила ба марҳила музди маоши кормандони соҳаи илму маориф ва стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои олии кишвар ба маротиб зиёд карда мешавад. Дар ин росто Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки аз 1 июли соли 2023 музди меҳнати кормандони соҳаи илму маориф, стипендия ва ҳифзи иҷтимоӣ 20% зиёд карда шавад.

Дар идомаи суханронӣ роҳбари давлат иброз доштанд, ки “Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард. Дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст”.

Дар идомаи суханронӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, кӣ «Модоме ки мо ҳама якҷо як кишвари дар дами ҳалокат қарордоштаро ба қаламрави сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва шукуфоиву ободӣ табдил додем, қодир ҳастем, ки ҳамаи мушкилоти дигарро низ бартараф карда, дар ояндаи наздик Тоҷикистони маҳбубамонро бо заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстона боз ҳам ободу пешрафта гардонем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем”.

Дар тақвияти ғамхориҳои ҳамаҷониба ва дастгириҳои пайвастаи Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ҷавонон гуфта метавонем, ки насли даврони соҳибистиқлолии кишвар дар якҷоягӣ дар раванди таҷдиди ҷомеа, тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, ҳифз намудани арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, ватансозиву ватандорӣ такони ҷиддӣ бахшида, бо умеди ояндаи нек зери роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаӣ Пешвои миллат муттаҳид гардидан, дар ободонии сарзамини аҷдодии хеш саҳми ногусастани мегузорем.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки мо ҷавононро зарур аст, ки ҳадафу вазифаҳое, ки дар Паёми Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардид, сармашқи фаъолияти минбаъдаи худ қарор дода, бо дарки масъулияти баланд аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тарбияи насли ҷавон дар роҳи худшиносии миллию ифтихори ватандорӣ ва дар раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ саҳми арзанда гузошта бошем.

Эмомалӣ НАБИЗОДА,

раиси Созмони кор бо ҷавонони ДДБ ба номи Носири Хусрав

Возможно, это изображение 1 человек и стоит

2424