Имрӯз дар толори Китобхонаи марказии ДДБ ба номи Носири Хусрав суҳбат- вохӯрии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо донишҷӯёни ихтисоси журналистикаи кафедраи рӯзноманигории донишгоҳ баргузор гардид.

Нахуст, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ ҳайати меҳмононро ба иштирокчиён муаррифӣ намуд.

Сипас, Зинатулло Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон оид ба фаъолияти рӯзноманигорӣ суханронӣ намуд.

Пас аз суханронӣ аз ҷониби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба кафедари рӯзноманигорӣ китобҳои дарсӣ тақдим намуданд.

7474

3 комментария

Нравится

Комментировать

Отправить