Воқеан, дар маркази вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар қомат афрохтани як маҷмааи мукаммали таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав далели ғамхориҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмондар ҳаққи наслҳои оянда мебошад.

Маҷмааи мазкур, аз як бинои 11- ошёна, 2 бинои таълимии 7- ошёна, як бинои 9 ошёна ва як бинои 3 ошёна ба нақша гирифта шудааст. Дар ин баробар бунёди фаввораҳо, гулгаштҳо, китобхонаи анънавӣ ва электронӣ, толори маҷлисгоҳ, ошхонаи замонавӣ, амфитеатр ва марказҳои компютерӣ пешбинӣ гардидааст.

Корҳои бунёдиро дар иншооти мазкур ҳамчун пудратчии асосӣ ҶДММ «Собир САМ» ба уҳда дорад.

и ещё 9

2424