Ҳамасола тариқи оинаи нилгун Паёми солонаи Президенти мамлакат мӯҳтарам ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар назди маҷлиси намояндагони маҷлиси олии мамлакат ироа мегардад, ки Президенти мамлакат дар Паёми худ доир ба дастовардҳои соли сипаригардида ва нақшаҳои ҷадид дар соли нав суханрони менамояд. Паёми имсолаи Президенти мамлакат санаи 23 декабри соли равон дар назди вакилони маҷлиси намояндагони маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.

Президенти мамлакат сараввал дастовардҳои соли 2022-ро ёдовар шуда зикр намуд, ки новобаста ба мушкилиҳои зиёди рӯ ба рӯ гардида мо тавонистем дар соли 2022 ба як қатор комёбиҳо ноил гардем, ин ҳама комёбиҳо бо талошу заҳматҳои мардумӣ шарафманди тоҷик ба даст омадааст.

Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми худ ба яке аз самтҳои муҳиму афзалиятнок, маорифи кишвар диққати махсус дода қайд намуданд, ки дар соли 2022 ҳазорҳо ҷойи нишаст барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ сохта ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин таҳкит ба амал оварда шуд, ки стипендияи донишҷӯёни зинаҳои магистратура, аспирантура ва докторантура 20 фоиз зиёд карда шавад, ки ин иқдом барои руҳбаланд намудани дӯстдорони илму маърифат хело саривақти ба шумор меравад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати пешакардаи худ аз лаҳзаи аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба самти маориф аҳамияти ҷиддӣ дода тамоми чораҳоро барои таъмини шароити хуб ба толибилмони муассисаҳои таълимӣ равона намуда истодааст. Маҳз ҳамин иқдомҳои ҳавасманд гардони аст, ки имрӯзҳо ҷавонони мо дар донишгоҳҳои бонуфузи дунё таҳсил намуда истодаанд, толибилмони мо дар олимпиадаҳои байналмиллалӣ иштирок намуда ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуда парчами мамлакатро дар миёни дигар давлатҳо бо як ҳисси ватандорӣ баланд мебардоранд. Натиҷаи ҳамаи ин дастовардҳо рӯ овардани мамлакат ба самти маориф мебошад, ки дар вақти ироаи Паём ба таври аъло мушоҳида карда шуд. Президенти мамлакат дар баробари таҳлили самти маориф дигар самтҳоро низ таҳлилҳои васеъ намуда нақшагузориро дар соли 2023 ба тамоми мардуми шарафманди кишвар пешниҳод намуд.

Бояд қайд намуд, ки Паёми имсолаи Президенти мамлакат нисбати Паёмҳои солҳои қабли хело фарқкунанда буд зеро дар Паёми имсола, Президенти мамлакат ба аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳкит ба амал овард, ки мо дар вазъияти хело ҳассос қарор дорем ва бояд тамоми имкониятро истифода намоем то як порча замин бекор намонад маҳз бо ҳамин мақсад Президенти мамлакат мардумро аз пардохти андози яксолаи заминҳои корами хоҷагидорӣ озод намуданд. Бояд зикр намуд, ки Паёми солонаи Президенти мамлакат барои мо роҳнамои яксола ба шумор рафта дар асоси нақшагузории як сола роҳандози карда мешавад.

Мо аҳли кормандони ДДБ ба номи Носири Хусрав Паёми Президенти мамлакатро сармашқи кори худ қарор дода барои амалишавии вазифаҳои худ тамоми кӯшишҳоямонро ба харҷ медиҳем.

Раҷабализода Самандар,

омӯзгори факултети сиёсат ва идораи давлатии ДДБ ба номи Носири Хусрав

Возможно, это изображение 1 человек и стоит

1313