Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогири тамоми самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо масъалагузориҳои муҳим ва таҳлилҳои амиқи бахшу соҳаҳои хоҷагии халқ пешниҳод гардид.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём зикр намуданд, ки имрӯзҳо шиддат гирифтани низоҳои геосиёсӣ, тағйирёбии иқлим, зиёд гардидани талабот ба маводи истеъмолӣ ва доман паҳн намудани бемориҳои сироятӣ моро ҳушдор медиҳад, ки аз пештара дида иттиҳоду сарҷамъ бошем ва аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода барем.

Қайд намудан зарур аст, ки ҳадафи асосии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии зиндагии мардуми кишвар мебошад ва барои расидан ба ин нақшаву ҳадафҳо моро зарур аст, ки аз пештара дида аҳлона заҳмат кашем. Дар ҳақиқат Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми руҳбахшу саодатовар буда, моро ба зиндагии дурахшон ҳидоят мекунад.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби давлату ҳукумат 120 гуна имтиёзҳои андозиву гумрукӣ муайяну амалӣ гардид, ки ин ҳолат ба инкишофи соҳаи мазкур мусоидат намуд. Хушбахтона, маҳз бо дастгириву пуштибонӣ аз сиёсати давлатӣ соҳибкорони ватанӣ дар ин давра низ дар якҷоягӣ бо шарикони худ 18 ҳазор иншооти таиноташон гуногунро сохта мавриди истифода қарор дода, ба ин васила дар таъмини ҷойи кор ва беҳтар намудани сатҳу сифати рӯзгори сокинон мусоидат намуданд.

Имрӯзҳо мардуми кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусу пешниҳодҳои созандаву инсонпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба обу экология ва қабули навбатии қатъномаи Маҷмӯаи умумии Созмони милали муттаҳид оид ба эълон гардидани соли 2025 ҳамчун соли ҳифзи байналмилалии пиряхҳо ҷонибдорӣ намуда, ҳавасмандии худро барои амалигардии он баён дошта истодаанд.

Ҳамчунин мувофиқи қатъномаи мазкур фонди махсус таъсис ёфта, соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси сатҳи байналмилалӣ ташкилу баргузор карда мешавад. Дар воқеъ, ташаббус ва иқдоми зикршуда муҳим ва таърихӣ мебошад, зеро он ба пойдории мавҷудоти зинда, яъне ҳаёт алоқаманд аст.

Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштанд, ки соҳаи маориф ва илм дар сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳукумат дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад ва рушду густариши тамоми бахшу соҳаҳои хоҷагии халқ аз он вобастагии калон дорад. Аз ин лиҳоз, барои пешрафти кори соҳа дар соли 2022 аз ҷониби буҷаи давлат беш аз шаш миллиард сомонӣ ҷудо гардид, ки дар муқоиса ба солҳои гузашта беш аз 700 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар воқеъ, бунёди миллату давлати мутамаддину пешрафта аз соҳаи маориф ва илм вобастагии калон дорад. Ҳамин аст, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба неруи зеҳнӣ таваҷҷуҳи хосса дорад. Баланд гардидани музди маоши кормандони соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқ, маориф ва илм ва баланд гардидан ҳама гуна стипедия аз ҷумлаи ғамхориҳои навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар Паём зикр шуданд.

Тазаккур бояд дод, ки ҳамасола аз ҷониби ҳукумати кишвар ва соҳибкорону шахсони саховатпеша даҳҳо муассисаҳои таълимии замонавӣ бунёд мегарданд, ки ин пеш аз ҳама бо мақсади соҳибмаърифат намудани сокинон равона шудааст. Соҳибилму соҳибкасб намудани сокинони кишвар бошад аз ҷумлаи ҳадафҳои арзишмандест, ки зери таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияи Олии кишвар қарор дорад.

Мо кормандони соҳаи маориф ва илми кишварро зарур аст, ки тамоми дастуру супоришҳои сарвари давлатро, ки дар Паём зикр доштанд сармашқи кори худ намуда, сатҳу сифати таълиму тарбияро баланд бардошта, мутахассисони рақобатпазири ба бозорҳои меҳнат ҷавобгӯро омода намоем.

Ҷавонон нерӯи созанда ва пешабрандаи сиёсати давлатӣ ба ҳисоб мераванд. Имрӯз барои ҷавонон тамоми имконияту шароити илмомӯзиву касбазкудкунӣ муҳайё гардидааст. Ҷавонони саодатманди кишвар дар озмуну олимпида ва мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию минтақавӣ ва байналмилалӣ фаъолонна ширкат варзида, шарафи Тоҷикистони азизамонро баланд бардошта истодаанд.

Бояд ҳамагон, хусусан омӯзгорон ва волидон дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавони кишвар масъулияти бештар ҳис намуда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ба камол расонанд.

Умуман, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми бахшу соҳаҳоро фарогир буда, ҳамчун қутбнамо моро ба музаффарияту муфаққиятҳои боз ҳам бештар роҳнамоӣ мекунад.

Сангимурод Шарипов,

номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав

Возможно, это изображение 1 человек и стоит

2626

1 комментарий

Нравится

Комментировать

Отправить