Дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардид, дастовардҳои аҳли мамлакат дар соли 2022 зикр ва вазифаҳои минбаъдаи мардуми кишвар муфассал баён гардид.

Шоистаи қайд аст, ки Пешвои миллат ҳамеша зимни ироаи Паём пешравиҳои соҳаи маорифро дар мадди аввал мегузорад. Дар Паёми навбатӣ низ Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари таҳлили ғамхоронаи бурду бохти соҳа барои боз ҳам рушду нумуъ ёфтани соҳаи маориф ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳайати устодони факултети филологияи тоҷик ҷиҳати амалигардонии талаботи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбирҳо андешида, тариқи телевизион Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо иштироки устодон ва донишҷӯён тамошо намуданду шуниданд.

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама ду самти асосӣ, яъне сиёсати дохилӣ ва берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии хеш оид ба рафти иҷрои талаботи қонунҳои амалкунанда дар кишвар суханҳои судманд гуфта, ҳамчунин қайд намуданд, хизмат ба Ватан қарзи имонию инсонии ҳар як шаҳрванди ватандӯст аст.

Инчунин, дар Паём қайд гардид, ки пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳаракатҳои ғайриқонунию экстемистӣ, баланд бардоштани сатҳи касбию маънавии ҷавонон, омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва дигар санаҳои муҳими таърихию миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.

Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки ҳар як падару модар, хосса омӯзгорон муҳтавои Паёми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба гурӯҳҳои ғайриқонунию ифротӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок карда, барои дар қалби донишҷӯён бедор намудани ҳисси баланди ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ дар соатҳои тарбиявӣ мавзуҳои махсус ҷой дода шудааст ва омӯзгорон кӯшиш менамоянд, ки ҳарчи бештар барои рушди насли ҷавон ва таълиму тарбияи онҳо дар байни ҷомеъа саҳми арзанда гузоранд.

Маҳмурод РАҲМОНОВ,

раиси созмони ҷавонони факултети фиология

Возможно, это изображение 1 человек и стоит

1414

1 комментарий

Нравится

Комментировать

Отправить