Дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-020 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон саромӯзгори кафедраи адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Маҳмадалиева Муҳаббат Раҳмоновна рисолаи номзадии худро таҳти роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти тоҷики донишгоҳамон Тағоймуродов Рустам Ҳакимович таҳти унвони «Бобо Афзали Кошонӣ ва хусусиятҳои мавзуию бадеии рубоиёти ӯ» бомуваффақият дифоъ намуд.

Қайд намудан зарур аст, ки диссертатсия ба таҳлилу таҳқиқи рӯзгору осор, бахусус рубоиёти Афзалуддини Кошонӣ, бахшида шудааст. Диссертатсия аз муқаддима, се боб, хулоса ва рӯйхати адабиёт иборат мебошад.

Дар муқаддимаи диссертатсия мубрамии мавзуи таҳқиқ, дараҷаи таҳқиқи мавзуъ, робитаи таҳқиқ бо барномаҳо ва ё мавзуъҳои илмӣ нишон дода шуда, тавсифи умумии таҳқиқ мувофиқ бамеъёрҳои марбут ба кори илмӣ-таҳқиқотӣ таҳия гардидааст.

Возможно, это изображение 1 человек, стоит и в помещении

9999

103 комментария

Нравится

Комментировать

Отправить