Тибқи солшумории хитоӣ, соли 2023 аз 22 январ оғоз мешавад, то 9 феврали соли 2024 идома меёбад.

Нуҷумшиносон бар асоси мушоҳидаи ҳарсолаи сайёра ва мувофиқи санъати танҷим, яъне нуҷумшиносӣ (астрология) соли 2023-ро соли харгӯши сиёҳи обӣ унвон кардаанд. Харгӯши сиёҳи обӣ махсусияти хосе дорад. Ӯ бетартибиро намеписандад. Дар арафаи Соли нав бояд хона ботартибу низом бошад. Муҳиммияти дигари харгӯш беғараз будану дур кардани кинаву адоват мебошад.

Пешгӯйии ситораҳо дар соли 2023 бештар ба рӯйдодҳои сиёсӣ рабт дорад. Рӯйдодҳои сиёсӣ аввали сол анҷом меёбанд. Мувофиқи нишондоди ситораҳо ва аз назари нуҷумшиносон моҳи феврали соли 2023 ҷангҳои шадид ва низоъҳо байни кишварҳои Россия ва Украина ба анҷом мерасад.

Харгӯш, ки оромтабиат аст, бетартибӣ ва даргириҳоро намеписандад. Хоси харгӯш низом ва тартиб мебошад. Ҳамчунин, нуҷумшиносон беҳтар мешуморанд, ки соли 2023-ро ҳаддалимкон бо қарз пешвоз нагиранд, ҳар нафаре, ки қарздор аст, бояд то арафаи Соли нав қарзашро пардохт кунад, ки ин дар соли харгӯш фоли нек намеоварад. Дар соли 2023 асосан се рақам бахтовар хоҳанд буд, ки инҳо: 3, 4, 6 мебошанд.

Рангҳои сурх, бунафш ва кабуд рангҳои хоси ин сол гардида, муд хоҳанд шуд. Ситораҳо ишора менамоянд, ки аз ин рақамҳо ва рангҳои номбурда истифода бурда, паёмади онро интизор шаванд.

Абдулҳай Комилӣ,
профессор

http://khatlon-ruznoma.tj/…/2400-sitorao-megjand-soli…

Ситораҳо мегӯянд, соли 2023 низоъҳо байни кишварҳо бартараф мегарданд

KHATLON-RUZNOMA.TJ

Ситораҳо мегӯянд, соли 2023 низоъҳо байни кишварҳо бартараф мегарданд

Тибқи солшумории хитоӣ, соли 2023 аз 22 январ оғоз мешавад, то 9 феврали соли 2024 идома меёбад.Нуҷумшиносон бар асоси мушоҳидаи ҳарсолаи сайёра ва мувофиқи санъати танҷ….