Устодони гиромиқадр, ҳамкасбони азиз!

Мо бо соли 2022-уми мелодӣ, ки дар хотири мардуми Тоҷикистон ва кулли устодону кормандони донишгоҳ ҳамчун соли заҳмати содиқонаву софдилона барои ободии Ватани соҳибихтиёрамон, амалӣ гардидани ҳадафҳои неки бунёдкорона ва дастовардҳои навбатии давлати соҳибистиқлоламон нақш хоҳад баст, хайрбод мегӯем ва Соли нави 2023 – уми мелодиро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созанда истиқбол мегирем.

Дар ин лаҳзаҳои идона ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон ва тамоми донишҷӯёну кормандони донишгоҳро бо фарорасии соли нави 2023-уми мелодӣ, яъне соли идомаи корҳои созандагиву ободкорӣ ва амалӣ гардидани орзуву ормонҳои халқи тоҷик самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми Шумо сиҳатмандиву рӯзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракат орзу менамоям.

Ба касе пӯшида нест, ки омӯзгорӣ дар ҳамаи давру замонҳо пешаи пуршараф маҳсуб гардида, муаллимро муҳандиси рӯҳи инсон, пайвандгари аслҳо ва наслҳо донистаанд.

Мову Шумо наслҳои хушбахти Ватан ҳастем, ки имрӯз дар соҳаи афзалиятноки маориф таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар амал татбиқ намудани яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳу сифати дониш ва малакаи донишҷӯён ҷидду ҷаҳд дорем.

Ҷавобан ба ғамхориҳое, ки Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаққи мо-омӯзгорон арзонӣ доштаанд, кӯшиш ба харҷ бояд диҳем, ки дар замири ҷавонон ваҳдату ягонагӣ, дониши баланду ахлоқи намунавӣ, муҳаббат ба Ватан-модар, дӯст доштани сарзамини муқаддасамон ба таври ҳамешагӣ маъво гирад, то ки барои пойдории давлати соҳибихтиёрамон ва зиндагии хушбахтонаву рӯзгори осудаи наслҳои имрӯзу фардо заминаи мусоид фароҳам оварем.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон таъкид намуданд, ки мактабу маориф омили муҳимтарини амнияти миллӣ мебошад, зеро дар ҷаҳони пуртаззоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб аз худ кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд. Ҳукумати кишвар моро вазифадор намуд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо бояд диққати ҷиддиро ба баланд бардоштани сатҳи малакаву дониши толибилмон, махсусан ихтисосҳои мутобиқ ба талаботи муосир равона созем. Ҳамчунин Сарвари давлат иброз доштанд, ки мо дар ҷараёни озмоиши бузурги таърихӣ-татбиқи ҳадафҳои бузурги миллӣ, ки омода намудани наслҳои ояндасози давлату миллат қисми таркибии он аст, қарор дорем.

Пешвои миллат бо боварии том таъкид намуданд, ки бо нерӯи созанда ва эҷодгари омӯзгорони муҳтарам ва тамоми мардуми шарифи кишвар мо аз он озмоиши бузурги таърих бо ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва азму иродаи шикастнопазири миллӣ хоҳем гузашт ва насли нав ва ворисони содиқеро тарбия хоҳем кард, ки воқеан сазовори ин давлату миллат гардида, Тоҷикистони азизро дар оянда ба таври шоиста обод ва соҳибӣ хоҳанд намуд.

Бо қаноатмандӣ таъкид менамоем, ки соли 2022 – ум барои тамоми устодон ва кормандони донишгоҳи мо соли бобарор ва пурфайзу бобаракат буд. Ҳайати профессорону устодони донишгоҳи моро мебояд, ки дар соли нави мелодӣ ва солҳои минбаъда ба хотири таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори меҳанпарастӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати дониш ва малакаи донишҷӯён камари ҳиммат баста, бо дарки рисолати олии ватандорӣ барои ободонии сарзамини муқаддасамон дастаҷамъона саъю талош намоем.

Бигзор, дар қалби ҳар кадоми шумо нури умеду боварӣ ба ояндаи нек шуълабор бошад, роҳи пуршарафи ватансозиву меҳанпарастии ҳар як фарди бонангу номус ва худшиносу худогоҳро равшантар созад ва шоҳроҳи зиндагиашон ҳамеша гулафшону сарсабз гардад!

Соли нави мелодиро барои ҳамаи Шумо – устодони гиромиқадр, ҳамкасбони азиз табрик гуфта, дар хонадони ҳар кадоми Шумо саломативу хушҳолӣ, хушбахтиву комёбӣ, сарбаландиву ифтихормандӣ ва ба Ватани маҳбубамон суботу оромии ҷовидонӣорзу менамоям.

Соли нави мелодӣ муборак, устодони гиромиқадр, ҳамкасбони азиз!

Возможно, это изображение 1 человек и костюм

120120

51 комментарий

Нравится

Комментировать

Отправить