Дирӯз бо донишҷӯёни таҳсилоти фосилавии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23-юми декабр ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, дарси тарбиявӣ баргузор шуд.

Дар дарси тарбиявӣ Маҳмурод Раҳмонов, омӯзгори факултети филологияи тоҷик иброз дошт, ки ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми хешро доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварамон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа менамоянд. Паёми имсола низ аз тариқи тамоми шабакаҳои телевизионӣ ва радиошунавонӣ ба самъи сокинони сарбаланди Тоҷикистони азиз расонида шуд.

Омӯзгор Маҳмурод Раҳмонов зикр кард, ки дар баробари дигар вазорату идораҳо омӯзгорону донишҷӯён дастҷамъона Паёми Пешвои миллатро тамошо карданд.

Президенти кишвар дар раванди ироаи Паём ҷиҳати рушди босуботи соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ: саноат, энергетика, нақлиёт, маориф ва илм, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот бар зиммаи масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Дар охир, аз ҷониби донишҷӯёни таҳсили фосилавии факултети филологияи тоҷик маъруза намуда, фикру андешаҳои худро доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд.

Все реакции:

3030