Имрӯз 7-уми феврали соли 2023 бо ибтикори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар ҳамкори бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бахшида ба 30- юмин солгарди Артиши миллӣ таҳти унвони “Ҳомиёни ватан” суҳбат – вохӯри бо сарбозони қисми ҳарбии 07017- Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намуд.

Дар чорабинии муштарак Музаффар Маҳмадшоҳзода, командири қисми ҳарбии 07017, Баротзода Файзулло, иҷрокунандаи раиси шаҳри Бохтар, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагони мактабҳои шаҳри Бохтар иштирок доштанд.

Нахуст, ҳайати меҳмонон аз намоиши таҷҳизотҳои ҷангӣ дидан намуданд.

Сипас, чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Музаффар Маҳмадшоҳзода, командири қисми ҳарбии 07017 оғоз гардида дар он ректори донишгоҳ Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, Баротзода Файзулло, иҷрокунандаи раиси шаҳри Бохтар баромад намуданд.

Дар ин замина туҳфаҳои омодакардаи Раёсати донишгоҳро ба сарбозони қисми ҳарбии 07017- Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазияти тантанавӣ супориданд.

Дар охир, дастаи фарҳангии “Леваканд” – и назди донишгоҳ
ва Ҷаннатулло Абдулоев, ҳанарманди шинохта иборат аз рақсу сурудҳоро манзури меҳмонон ва сарбозон гардониданд.

  • Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ

и ещё 8

Все реакции:

9595