Дирӯз дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2022 аз рӯйи 10 номинатсия, ки бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид, ки дар он шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав яке аз фаъолтарин шуъбаи кор бо ҷавонони муасссиаҳои таҳсилоти олӣ дар соли 2022 дониста шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки дар маросими туҳфасупорӣ Эмомалӣ Набизода, раиси созмони кор бо ҷавонони донишгоҳ аз рӯйи номинатсияи “Беҳтарин шуъбаи кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соли 2022” иштирок намуда бо Диплом ва тӯҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ гардид.

Все реакции:

6464