Шоми 16 феврали соли 2023 дар доираи нақша-чорабиниҳои Раёсати донишгоҳ вохӯрии судманд оид ба масъалаҳои рӯзмарраи ҷомеаи муосир бо истиқоматкунандагони хобгоҳ гузаронида шуд.

Дар ин мулоқот мудири кафедраи рӯзноманигорӣ Шарипов Сангимурод, раиси созмони ҷавонони донишгоҳ Набизода Эмомалӣ, омӯзгори кафедраи фалсафа Хайрзода Рамазон, мутахассиси шуъбаи дуюми донишгоҳ Рухсора Азиззода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Маърузачиён оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, проблемаҳои глобалии замони муосир, таҳкими эҳсоси ватандӯстии сокинон, истифодаи дурусти техникаҳои муосир, ба хусус телефони мобилӣ ва роҳҳои баланд бардоштани маърифати ватандӯстии ҷавонон ибрози андеша намуданд.

Все реакции:

77