Дар факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ маҳфили навбатии “Низоми андоз” бо иштироки Ганҷина Зувайдуллоева, муовини декан оид ба илм ва инноватсия, Тоҷиддин Холов, мудири кафедари андоз ва андозбандӣ, омӯзгорон ва аъзоёни маҳфил доир гашт, .

Дар маҳфил Ғуломов Зокир, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси андоз ва андозбандӣ дар мавзуи “Андозбандии фаъолияти соҳибкорӣ ва нақши он дар шароити имрӯза” маърӯза намуд.

Донишҷӯ зимни маърузаи худ иброз намуд, ки асоси пешрафтаи иқтисодиёти давлатҳои дунёро соҳибкории хурду миёна ташкил медиҳанд, ки барои ғани гардонидани бозор бо моли хушсифат ва хизматрасонӣ, қонеъ намудани талаботи истеъмолӣ, ҷоннок кардани муносибатҳои молию қарзӣ, муҳаё сохтани ҷойҳои нави корӣ, устувор гардонии тамоми низоми иқтисодӣ нақши муҳимро мебозад.

Соҳибкорӣ аз бисёр ҷиҳат суръати рушди иқтисодӣ, сохт ва сифати маҷмӯи маҳсулоти миллиро муайян карда, яке аз муҳимтарин унсурҳои инфраструктураи иқтисоди бозорӣ ба шумор меравад.

Сиёсати андозии давлат бояд барои фаъолияти соҳибкорон шароити мусоиди молиявӣ фароҳам оварад, ки он ба ҷамовари намудани маблағҳо барои сармоягузорӣ ва баланд гардидани самаранокии истеҳсолот мусоидат менамояд. Иҷрои қисми даромади буҷети давлатиро аз ҳисоби воридоти андозҳо, на танҳо бо роҳи пурзӯр намудани назорати андоз, балки тавассути зиёд кардани даромадҳо ва амволи андозсупорандагон таъмин намудан лозим аст.

Бо мақсади дастгирии фаъолияти соҳибкори ва рушди соҳаҳаи истеҳсолот зарурати роҳандозӣ намудани ислоҳоти қонунгузории андоз бо роҳи дар таҳрири нав таҳия намудани лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ тавре омода карда шаванд, ки дар амал тадбиқ намудани онҳо барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегияи мамлакат-саноатикунонии босуръати кишвар, инчунин рушди бахшҳои хусусӣ мусоидат намояд.

Ҷузъи муҳими андозбандӣ меъёри андоз мебошад меъёри андоз бузургии андозро ба воҳиди андозбандишаванда, ки дар ҳадҳои фоизи (ҳиссаи андоз дар даромади андозсупоранда) ифода меёбад, мефаҳмонад.

Бахтовар Файзуллоев,

роҳбари маҳфил

Все реакции:

6060