Дирӯз дар кафедари рӯзноманигории факултети филологияи тоҷик маҳфили навбатии “Рӯзноманигорони ҷавон” бо иштироки Илҳомҷони Ҳамидиён, номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунвонии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор шуд.

Зимни баромад Илҳомҷони Ҳамидиён роҷеъ ба “Журналистикаи чандрасонаӣ ва рақамӣ: мушкилот ва дурнамои он” дар шароити ҷаҳонишавӣ ба иштирокчиёну аъзоёни маҳфил маълумоти муфассал доданд.

Мавсуф зикр кард, ки ҷаҳони муосир паёмадҳои зиёд дошта, аз ҳар кадоми мо тақозо менамояд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими ваҳдату суботи сартосарӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намоем. Имрӯзҳо дар фаъолияти кормандони воситаҳои ахбори омма дигаргуниҳои кулли ба назар мерасанд, ки ин ҳолат масъулияти журналистону мутахассисони техникиро бештар намудааст. Журналистикаи чандрасонаӣ ва рақамӣ аз муосиртарин навъи журналитика ба ҳисоб меравад, ки дар маводи омоданамудаи муаллифони он тамоми унсурҳои типпи воситаҳои ахбори омма, ба хусус матн, навор, садо, акс, инфографика ва амсоли ин васеъ истифода мешаванд. Аз ин рӯ, донишҷӯёни ихтисоси журналистикаро лозим аст, ки махсусияти ин навъи фаъолияти эҷодиро ҳамаҷониба омӯхта, дар амал татбиқ карда тавонанд.

Дар идомаи маҳфил донишҷӯён ба Илҳомҷони Ҳамидиён саволҳо оид ба вижагиҳои журналистикаи муосир пешниҳод намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Все реакции:

2222