Диссертатсияи номзадии унвонҷӯйи кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Исматуллои Ҳабибулои Нарзуллозода дар мавзӯи “Вазифа ва масъулияти муҳаррири телевизион (дар мисоли телевизионҳои “Тоҷикистон” ва “Сафина”)” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илми филология аз рӯйи ихтисоси 10.01.10 – Рӯзноманигорӣ аз ҷониби ҳайати устодони кафедраи рӯзноманигории факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор гардид.

Зимни баррасии диссертатсияи мазкур номзади илмҳои филология, дотсент, мудири кафедраи рӯзноманигорӣ Шарипов Сангимурод қайд намуд, ки диссертант дар таҳқиқи мавзуъ, дараҷа ва робитаи таҳқиқ бо барномаҳо ва мавзуъҳои илмӣ, мақсади таҳқиқ, вазифа, объект, фарзия, марҳила, макон ва давраи таҳқиқ, асосҳои назариявию методологӣ ва навгонии илмӣ саҳми назаррас дорад. Масъалаҳои асосии таҳқиқ тарҳрезӣ гардида, ҷустуҷӯ ва натиҷагириҳои илмии унвонҷӯ дар диссертатсия, мақолаҳои илмӣ, маъруза дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ инъикос ёфтаанд.

Натиҷаҳои таҳқиқ эътимодбахш буда, аз тарафи муаллиф бевосита дар марҳилаҳои гуногун коркард, тасвиб ва баррасӣ шудаанд. Муаллифи диссертатсия бо собиқадорони телевизион суҳбатҳои ихтисосӣ доир намуда, аз соли хатм то имрӯз дар телевизион фаъолияти амалӣ дорад ва масъаларо ҳам аз лиҳози илмӣ ва ҳам амалӣ ба риштаи таҳқиқ кашидааст, – гуфт Маҳкамова Дилором, номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи рӯзноманигории донишгоҳ.

Ҳамчунин дигар устодону иштирокчиён роҷеъ ба диссертатсияи Исматуллои Ҳабибулои Нарзуллозода дар мавзӯи “Вазифа ва масъулияти муҳаррири телевизион (дар мисоли телевизионҳои “Тоҷикистон” ва “Сафина”)” андешаҳо баён намуда, ҳамагон рисоларо анҷомёфта пазируфта ба зинаи дигари барои ҳимоя тавсия намуданд.

Все реакции:

4646