Дар факултети химия ва биология маҳфили навбатии “Биологони ҷавон”-и назди кафедраи биологияи умумӣ доир гашт.

Дар он Давлатова Дилором, мудири кафедраи биологияи умумӣ, Қувватов Файзиддин, ҷонишини декан оид ба илм, ва омӯзгорону аъзоёни маҳфил иштирок доштанд.

Аз руйи нақшаи маҳфил Исанқулов Абдуғанӣ, донишҷӯи курси 5-уми ихтисоси биология-экология, доир ба мавзуи “Ғадудҳо ва гормонҳо” тариқи слайд баромад намуд.

Баъдан дар мавзуи “Аъзои ҳиси одам” донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси биохимияи тибби, Солиҷонзода Азамад баромад намуд.

Пас аз баромади донишҷӯён мавзуҳои интихобшуда тавасути саволуҷавоб муҳокима карда шуд.

Дар охир, Давлатова Дилором ба баромадкунанда баҳои баланд дода мавзуҳои маҳфили ояндаро эълон намуда ба онҳо барои дар сатҳи баланд гузаронидани маҳфил маслиҳатҳои муфид дод.

Котиби маҳфил Рамазони Маҳимбек

Все реакции:

4444