– Зери ин унвон, дар толори театри вилоятии мусиқи – мазҳакавии ба номи “Ато Муҳаммадҷонов”-и шаҳри Бохтар чорабинии тантанавии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, бахшида ба Рӯзи модар баргузор шуд.

Дар чорабинии тантанавӣ Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, собиқадорони соҳаи маориф – Руқия Қурбонова, Ситора Шерова, Латофат Назирӣ ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав оғоз гардид.

Зимни суханронӣ Давлатзода Сайфиддин Хайридидин бонувон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳро ба муносибати Рӯзи модар табрик намуд.

Зикр намуд, ки воқеан ҳам Рӯзи модар ба хотири бузургдошти модарон эълон гардидааст, ҳамчун рамзи саодат ҳамасола дар қаламрави ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос пазироӣ мешавад.

Сипас, сухани табрикотии Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон ва собиқадорони соҳаи маориф – Руқия Қурбонова, Ситора Шерова, Латофат Назирӣ шунида шуд.

Дар идома чорабинӣ як гурӯҳ бонувони донишгоҳ бо туҳфаҳои таъсиснамудаи Раёсати донишгоҳ ва Иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ қадрдонӣ шуданд.

Дар қисмати фарҳангӣ иборат аз рақсу суруд пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.

и ещё 11

Все реакции:

9494