Имрӯз, дар Маркази илмӣ-таҳқиқотии “Мавлоношиносӣ” озмуни донишгоҳии “Модар фаришта аст” дар сатҳи баланд бо иштироки довталабон-донишҷӯёни факултетҳо ва хонандагони Литсейи назди донишгоҳ баргузор гардид.

Озмуни мазкур бо ибтикори рӯзномаи “Фурӯғ” ташкилу роҳандозӣ шуд.

Сармуҳаррири рӯзномаи мазкур, дотсент Наимзода Қудратулло зимни баргузории озмун қайд намуд, ки он дар ҳошияи озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва нақша-чорабиниҳои Раёсати донишгоҳ ташкилу гузаронида мешавад.

Иштирокчиёни озмун аз осори шоирону адибон порчаҳои шеърӣ ва насрӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва хитоӣ қироат намуданд.

Пеш аз оғози чорабинӣ раиси комиссия номзади илмҳои филологӣ Муҳаббат Маҳмадалиева дар бораи шартҳои озмун маълумот доданд.

Дар озмуни мазкур 40 нафар довталаб иштирок намуданд.

Баъд аз баромади довталабон аъзои ҳакамон ба хулоса омада, ғолибонро муайян намуданд:

1. Ҳакимова Марворид, донишҷӯйи факултети филологияи тоҷик, ғолиби ҷойи аввал;

2. Сафаров Ҷурахон, донишҷӯи факултети молия ва иқтисод, сазовори ҷойи дуюм;

3. Файзуллоев Хайрулло, донишҷӯи факултети филологияи тоҷик, сазовори ҷойи дуюм;

4. Тоштемурова Дилноза, донишҷӯи факултети химия ва биология, сазовори ҷойи сеюм;

5. Толибшозода Гулпарӣ, донишҷӯи факултети филологияи тоҷик, сазовори ҷойи сеюм;

6. Қодирова Оиша, донишҷӯи факултети забони хориҷӣ, сазовори ҷойи сеюм;

7. Нозанини Диловар, хонандаи Литсейи назди донишгоҳ, сазовори ҷойи ифтихорӣ;

8. Сафарова Шаҳноза, донишҷӯи факултети забон ва адабиёти рус, сазовори ҷойи ифтихорӣ;

9. Ҳакимов Аъзамҷон, донишҷӯи факултети филологияи тоҷик, сазовори ҷойи ифтихорӣ;

10. Маҳмадова Зулқаъда, донишҷӯи факултети педагогика ва варзиш, сазовори ҷойи ифтихорӣ.

Ғолибон бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои молиявӣ қадршиносӣ гардиданд.

Возможно, это изображение 10 человек, люди сидят и люди стоят

Все реакции:

1111